Аъзои нави хонаводаи маориф: ба Тоҷикистон аз Русия шаш омӯзгори нав омад

Теъдоди омӯзгороне, ки аз Русия барои тадрис ба Тоҷикистон омаданд, шаш нафар афзуд ва ба 50 нафар расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар доираи Лоиҳаи башардӯстона таҳти сарпарастии Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федоролии Русия ва Тоҷикистон, омӯзгорони рус боз сар аз аввали Соли хониш озими Тоҷикистон шуданд.

50 омӯзгори рус барои таълим додани хонандагон, озими Тоҷикистон шуданд

Шамил Шамсутдинов, мушовири сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон дар расми пазироӣ аз ин омӯзгорон дар толори маркази илму фарҳангии "Россотрудничество" гуфт, ду кишвар ба ин тарҳе, ки аз сӯи маҷлисҳои болоии парлумонӣ пуштибонӣ мешавад, аҳамияти вижа қоила ҳастанд.

"Дар умум, ин тарҳ мавриди таваҷҷӯҳи раҳбарони ҳарду кишвар аст, зеро дар Конститутсияи Тоҷикистон забони русӣ мақоми забони муоширати миёни миллатҳоро дорад. Забони русӣ ояндаи мо ва дастоварди муштараки мост. Яъне мо аз шумо умедвориҳои зиёд дорем", - гуфт Шамил Шамсутдинов.

Русия барои овардани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон ҳавопаймои вижа мефиристад

Тарҳи маърифатие, ки таҳти сарпарастии палатаҳои болоии Русияву Тоҷикистон - Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ пиёда мешавад, соли 2017 оғоз ёфта, теъдоди омӯзгорон аз 26 нафари соли таҳсили 2017 – 2018 ба 44 нафар дар соли таҳсили 2018 – 2019 расид.

Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон имсол теъдоди онҳо боз ба 6 нафар афзудааст, ки аксаран омӯзгорони фанҳои дақиқ мебошанд.

Онҳо дар 22 мактаби таҳсилоти умумии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ, Ҳисор ва ноҳияҳои Ашт, Данғара, Рашт, Ашт, Кушониён, Бӯстон, Бобоҷон Ғафуров ва ғайра ба таълими фанҳои забони русӣ, математика, биология, физика ва химия машғул хоҳанд шуд.

Мушовири сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон хитоб ба омӯзгорони тозаворид гуфт, шумо барои худ як кишвари аҷиб, мардуми меҳмоннавоз кашф ва дӯстони навро пайдо мекунед.

"Ба коллективҳои наве мепайвандед, ки шояд аз лиҳози руҳонӣ ба як хонаводаи нави шумо табдил хоҳанд ёфт. Ин хушсуханӣ нест, фикр мекунам, ҳамтоёни шумо низ ҳарфҳои маро таъйид мекунанд", - гуфт Шамил Шамсутдинов.

Тибқи тавофуқи Тоҷикистону Русия, китобҳои дарсӣ ва маоши омӯзгорони русро ҷониби Русия ва таъмину манзилу дигар шароитро ҷониби Тоҷикистон ба зимма доранд.