Ҷаласаи Исматуллозода: баррасии ҳолати воқеии муассисаҳои тиббии Тоҷикистон

Бо раёсати муовини сарвазири Тоҷикистон Ширин Исматуллозода ҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт – Sputnik. Дирӯзҷаласаи Шӯрои миллии ҳамоҳангсозии масъалаҳои тандурустӣ  таҳти раёсати муовини Сарвазири  Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Исматуллозода баргузор гардид, гузориш медиҳад Вазорати тандурустӣ.

Радди иддаои Созмони Миллал дар мавриди корона аз сӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон
Дар рӯзномаи ҷаласа ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 "Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020",  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 "Дар бораи Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020" ва тасдиқи нақшаи кори Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

"Мавриди тазаккур аст, ки масъалаҳои мазкур хеле муҳим буда, вобаста ба  омӯзиши усулҳои муҳофизати инфиродӣ ва оммавии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ дар марҳилаи кунунӣ аҳамияти хосса доранд", - таъкид мекунад манбаъ.

Тағйироти кадрӣ дар Норак: чаро вазир сардухтури беморхонаи марказии шаҳрро барканор кард?

Ҳамзамон омӯзиши ҳолати воқеии муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вобаста ба пешгирӣ ва табобати сирояти нави коронавирус (COVID-19), ки аз 6 августи соли 2020 тасдиқ гардидааст ва назорати масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин таҳлили  ҳолати воқеии  пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси навъи COVID-19 ва дар ин замина гузаронидани корҳои фаҳмондидиҳӣ ба   масъулин дастур дода шуд.