Вазорат аз ошкори 39 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дар Тоҷикистон хабар дод

Аз аввали ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 то кунун дар Тоҷикистон ба 10336 нафар баробар шуд, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10336 нафар расида аст.

Русия ба дунболи мавҷи нави коронавирус шояд дубора марзҳояшро бандад

Инчунин вазорати таъкид доштааст, ки дар як шабонарӯзи охир 68 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ, шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9245  (89,4%)  баробар гардид.

Дар Қазоқистон 6 толибилми мактаб гирифтори коронавирус шуданд

Дар ҳамн ҳол, шумори нафарони ҷонбохта аз вируси корона тағйир наёфта 79 нафарро ташкил додааст.

Чин мегӯяд, ваксинаи сохти онҳо масунияти инсонро тӯлонитар ҳифз мекунад

Вазорат қайд кардааст, ки ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон барои пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.