Новобаста аз вируси корона дар Тоҷикистон Иди Меҳргон баргузор мешавад

Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии пойтахт рӯзи 18 октябр Иди Меҳргон ва Фестивал-намоиши шолӣ ва биринҷ доир мегардад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, ин чорабиниҳо аз ҷониби Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо шаҳрдории Душанбе гузаронида мешавад.

Макон ва рӯзи таҷлили ҷашни Меҳргон дар пойтахт маълум шуд

Гуфта шудааст, ки деҳқонони кишвар маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни зироати кишоварзӣ ва  сабзавоту меваро  бо нархҳои дастрас ба мардум пешкаш мекунанд.

Таҷлили ҷашни Меҳргон дар шаҳри Душанбе

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иттиои манбаъ кадбонуҳо хӯрокҳои миллӣ пухта, ҳунармандони  мардумӣ маҳсули дастони худро ба сокинон ва меҳмонони пойтахт манзур мегардонанд.

Меҳргон ва Сада ҳам ҷашнҳои расмӣ мешаванд

Манбаъ зикр кардааст, ки ҳамчунин баргузори барномаи фарҳангӣ низ дар назар аст.