Ҳар кор хоҳанд мекунанд? Лавров ба суоли мушкилии расонаҳои Русия дар Тоҷикистон посух дод

Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров мушкилии ифтитоҳи расонаҳои Русияро дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Мушкилии расонаҳои Русия дар як қатор кишварҳо то охир ба эътидол оварда нашудаанд, изҳор дошт вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров дар посух ба саволи мушкилии ифтитоҳи бахши Агентии иттилоотии байналмилалии "Россия сегодня" дар Тоҷикистон.

Мусоҳибаи Сергей Лавров ба радиои Sputnik: навори пурра

Рӯзи сешанбе вазир бо радиоҳои Русия мусоҳиба анҷом дод. Сармуҳаррири Sputnik Маргарита Симонян, сармуҳаррири нашриёти "Комсомольская правда" Владимр Сунгорпкин ва сармуҳаррири радиои "Говорит Москва" Роман Бобян суолҳояшонро ба Сергей Лавров ироа карданд.

Дар мусоҳиба Сунгоркин ба мушкилии ифтитоҳи бахши АИБ "Россия сегодня" диққат ҷалб кард.

"Кишвар пурра аз мо вобаста аст, аммо ҳар кор хоҳанд мекунанд. Шояд дарҳол ба созишнома масъалаи ҳузури расонаҳоро низ пеш гузошт?", - пурсидааст рӯзноманигор.

Ба гуфтаи Лавров, вазорат танҳо ба таври автоматӣ муносибатҳои иттифоқии байни кишварҳоро ба назар нагирифтанд, барои ҳамин вазоратҳои алоқа бояд фаъолона дар гуфтушунидҳо ширкат варзанд.

Лавров дар бораи “Маҷрои Шимол – 2”: барои Олмон ин масъалаи номус аст-видео

"Ман ҳам бар онам, ки мисолҳои зикргардида, аз ҷумла, мушкилии расонаҳои мо то охир ба эътидол оварда нашудаанд. Боварӣ дорам, ки мо ин мушкилиро ҳал мекунем, аммо розиям ки он набояд пеш меоамад. Бо дарназардошти муносибатҳои мо, ҳамаи он корҳое, ки мо мекунем дар амал, иштироки мо дар иттиҳодҳои муштарак, назардошти манфиатҳои мо бояд автоматӣ ва равшантар мешуданд", - посух дод Лавров.

Дар ҳамин ҳол вай таъкид кард, ки масоили ифтитоҳи намояндагиҳои расонаҳои Русия дар дигар кишварҳо дар ҳоли баррасӣ қарор доранд. 

Путин: нақша дорем дар Тоҷикистон бахше аз оҷонсии "Россия сегодня"-ро ифтитоҳ кунем

Лавров хотиррасон шуд, ки дар Тоҷикистон мувофиқи созишҳо барномаи махсуси омодасозии муаллимони забони русӣ ва рушди забони русӣ роҳандозӣ мешавад. Чунин барномаҳо дар Қирғизистон низ ба роҳ монда шудаанд.

"Ман наметавонам, маҳкум кунам, дар ҳоле ки ба ҷанбаҳои амалии муносибатҳои мову шариконамон машғулам. Шумо рӯзноманигорон имконият доред, ки ба вазъият баҳои объективӣ деҳед. Вақте ки дар расонаҳо саволҳои амалиро ба пеш мегузоранд, албатта мо доим омодаем, ки онҳоро ба назар гирем ва дар сиёсати амалии худ аз он истифода барем", - хулоса кард Лавров.