Дар Ветнам боронгариҳои шадид обхезӣ ба бор овард, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ 20 нафар ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, бар асари ин ҳодиса 14 нафар беномунишон гардиданд. Деҳу музофотҳои зиёд зери об монданд. Наҷотбахшон барои имдод расондан ба аҳолии зарардида, аз чархболу қаиқҳо истифода мекунанд.
Гуфта мешавад, об музофоти марказии Куангнамро иҳота намудааст. Ҳукуматдорон наздики 50 ҳазор нафарро аз макони ҳоиса ба ҷойҳои амнтар кӯч доданд.
Беш аз 30 ҳазор хонаву иншоотҳо зери об монда, вайрону валангар шуданд. Инчунин интиқоли неруи барқ низ мутаваққиф шудааст ва заминҳо кишт ҳам комилан хароб гаштанд.
Дар ҳамин ҳол, ҳовошиносон мегӯянд, боришоти борон давоми як шабонарӯзи дигар идома меёбад ва ба эҳтимоли зиёд, масоҳати заминҳои зери обмонда боз афзоиш меёбад.