Нақшаи даъват 75% иҷро шуд: кӣ пешсаф?

Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷрои 75 дарсади нақшаи тирамоҳии даъвати наваскарон тайи 10 рӯзи аввал хабар дод.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik.  Тавре аз вазорати дифоъ ба  Sputnik  Тоҷикистон иттилоъ доданд, ВМКБ  нақшаи даъватро дар як рӯз беш аз сад фисад таъмин кард.

Облава дар рӯзи равшан: ҷавонро аз назди бозори "Меҳргон" бурданд - навор

Манбаъ афзуд, нақшаи даъват дар вилояти Суғд то кунан 60% иҷро шудааст.

Иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон 70%-ро ташкил додааст.
Вазорати дифоъ афзуд, дар Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 84 фоиз ва дар чаҳор навоҳии пойтахт, ки дар даъватҳои солҳои қаблӣ дар ҷойи пастар меистодан, ҳоло дар даҳ рӯз 87 фоиз баробариҷро шудааст.

Гуфта мешавад, то кунун аз ҳолатҳои ҷой доштани "облава" касе ба ин ниҳод шикоят набурдааст.

Ба иттилои манбаъ, ҷалби наваскарон ба сафи артиш хуб ба роҳ монда шуда, дар назар аст нақша пеш аз муҳлат анҷом шавад.

Бадахшон аввалин шуда нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро кард

Бар асоси фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш якуми октябр шурӯъ гардида, то ноябр идома хоҳад кард. Имсол ҷавонони соли таваллудашон 1993-2002 ба хидмати ҳарбӣ мераванд.