Боздошти зани 40-сола ба гумони қатли ҳамсараш дар Истаравшан

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як зани 40-соларо ба гумони қатли ҳамсараш боздошт кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik.  Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, зани 40-солаи сокини ҷамоати деҳоти Қалъачаи Калони шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Қатли бераҳмонаи шавҳар аз сӯи зан дар пойтахт

“Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 12-уми октябри соли 2020, тахминан соати 06:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш, марди 54-сола, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо табари хоҷагӣ 1-маротиба ба сараш задаст”,-афзудааст манбаъ.

Пеши ҳамсар бо дигар занҳо суҳбат мекардааст: гузориши ВУД аз ҷинояти даҳшатовар-видео

Гуфта мешавад, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.