ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Тибқи иттилои манбаъ, раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зоҳиран нахустин шуда, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати аз нав интихоб шуданаш ба мансаби раёсати ҷумҳурӣ шодбош гуфтааст.
Сӯҳбати телефонии ду президентро вебгоҳ пеш аз дигар шодбошиҳо нашр кардааст.
Тавре манбаъ менависад, Мирзиёев Раҳмонро "самимонаю бародарона табрик гуфта, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш орзу намуд".
Дар ин зимн, Шавкат Мирзиёев хизматҳои Эмомалӣ Раҳмонро таъкид кардааст.
Дар рафти суҳбат ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои гуногунарсаи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
"Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳаммияти равобити дустӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни мардумони ду кишварро, ки пояи боэътимоди рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошанд, ба таври хосса таъкид намуданд", - афзудааст котиботи раисҷумҳур.
Мирзиёев ва Тоқаев ба Эмомалӣ Раҳмон занг заданд
Дар рафти суҳбат президентҳо атрофи масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.