Директор ва сармуҳосиби як корхонаи Хуҷанд 2, 8 миллионро тасарруф кардаанд

Фарҳод Раҳимов, директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд ва сармуҳосиб Шодихӯҷаев бо роҳи сохтакорӣ 2, 8 миллион сомонӣ маблағи буҷетро тасарруф намудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд бо ироаи ин иттилоъ дар ҷаласае, ки вазъи қонунгузорӣ матраҳ карда мешуд дар бораи кирдорҳои ғайриқонунии ашхоси мансабдор таъкид намуд ва аз парвандаи Раҳимов ва Шодихӯҷаев тафсилот дод.

"Раҳимов дар вазифаи директори генералии КВД коммуналии "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ" - и шаҳри Хуҷанд фаъолият намуда, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо сармуҳосиби корхона Шодихӯҷаев ва дигарон ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ва хазинавӣ сохта, дар маҷмӯъ 2, 8 миллион сомонӣ маблағи буҷетро тасарруф намудаанд", - гуфт Воҳидов.

Ҳабибулло Воҳидов афзуд, аз ҷониби прокуратураи вилоят нисбати номбурдагон бо моддаи 245 қисми 4 банди "б" ( азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (сохтакории хизматӣ) - и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, дар рафти тафтиши пешакӣ 2, 8 миллион сомонӣ зарари расонидашуда ба манфияти давлат барқарор карда шуд.

Беш аз 20 ҳазор ҷаримаи як мансабдори ҳукумати Суғд: маъракаи сандуқбарон барпо намудааст

Фарҳод Раҳимов то моҳи майи соли ҷорӣ дар вазифаи директори генералии КВДК "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ" дар Хуҷанд кор кардааст.

Дар пайи ифтитоҳи парванда, Раҳимов аз ин мақоми вазифавӣ барканор шуд ва ба ҷои ӯ, Ҳайдар Эшонқулов таъйин гардид.