ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Вазорати тандурустии тоҷикистон омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирусро дар Тоҷикистон эълон кард.
Тибқи иттилои манбаъ, шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то 12 октябр ба 10260 нафар расид.
Олимони бритонӣ се нишонаи нави коронавирусро ном бурданд
"То имрӯз дар мамлакат 9103 нафар ё худ 88,7%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 79 нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.
Вирусро паҳн мекунад: пизишк номи "ашёи хатарноктарин" - и ҳифозатӣ аз COVID -19 - ро гуфт
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, шабонарӯзи охир 34 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 45 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.