Убайдуллоев низ интихобашро кард: ширкати собиқ шаҳрдор дар интихоботи президентӣ

Маҳмадсаид Убайдуллоев низ барои овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон ширкат варзид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Собиқ раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ва шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев низ дар интихоботи президентӣ овоз дод.

КМИР гуфт, беш аз 20,7% -и овоздиҳандагон дар интихобот ширкат карданд

Убайдуллоев дар ҳавзаи интихоботии рақами 15, ки дар литсейи рақами 3 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кушода шудааст, овоз дод.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон барои 7 соли дигар президент интихоб мекунанд.

Дар интихоботи президентӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

Овоздиҳии Рустами Эмомалӣ дар интихоботи президентӣ

Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон беш аз 4,9 миллион интихобкунандагон ҳастанд. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот, 105 399 шаҳрвандон бори аввал дар интихоботи президентӣ овоз медиҳанд.