ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Алексей Чепа, муовини раиси Кумитаи умури байнулмилалии Думаи Давлатии Русия, ки ба намояндагӣ аз гуруҳи нозирони Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) мегӯяд, фазои интихоботии Тоҷикистон ба дараҷае идона аст, ки айёми неки замони Шӯравиро дар хотираҳои зинда мекунад.
"Мо дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон будем. Ҷавонон мерақсиданду месуруданд. Ба онҳое, ки бори аввал ба раъйдиҳӣ омаданд, туҳфаҳо доданд. Ин саҳна маро ба ёди замони Шӯравӣ бурд, вақте ҳама кору ҳама чиз дуруст ба роҳ монда шуда буд", - гуфт Алексей Чепа.
Ин нозири байнулмилалӣ, ки бо рӯзноманигорон дар толори қитъаи интихоботии №15, воқеъ дар Литсейи №15 – и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ҷое, ки Эмомалӣ Раҳмон, президент ва номзади интихоботи президентӣ ва Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе раъй доданд, суҳбат мекард, гуфт, аз рӯи тахмини ӯву ҳамтоёнаш мизони мушорикати интихобкунандагон дар ин интихобот беш аз 80% хоҳад буд.
“Мебинем, ки мардум фаъоланд. Корҳои созмондиҳии интихобот дар сатҳи хуб аст. Бо назардошти пандемия қитъаҳо бо ниқобу маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва дигар таҷҳизоти муҳофизатӣ таъминанд ва онҳоро пешниҳод мекунанд. Ҳароратро месанҷанд. Ҳама ҷо ором аст”, - гуфт Алексей Чепа.
Аз соати 6 – и субҳи имрӯз, 11 октябр, дар саросари Тоҷикистон раъйгирӣ ба хотири интихоби президенти ин кишвар шуруъ шудааст. Соати 10 – и қабл аз зуҳр мизони мушорикати интихобкунандагон дар ин маъракаи сиёсӣ 20,7 дарсадро ташкил мекард.