КМИ: ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ баста шуданд ва бозшумории овозҳо шурӯъ мешавад

Комиссияи маркази интихобот эълон намуд, ки ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ баста шуда, бозшумории овозҳо шурӯъ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳамаи участкаҳои интихоботӣ барои овоздиҳӣ баста шуданд, хабар дод Кумитаи марказии интихоботи ҷумҳурӣ.

КМИР гуфт, беш аз 20,7% -и овоздиҳандагон дар интихобот ширкат карданд

Овоздиҳӣ дар 3375 комиссияҳои интихоботӣ то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ идома ёфт.

Пас аз баста шудани қитъаҳои интихоботӣ, аъзои Комиссияи марказии интихобот ба ҳисобкунии овозҳо шурӯъ карданд.

Дар интихоботи президентии кунунӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

Аз Раҳмон то Убайдуллоев: Наздики 50% раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд

Чун интихоботи президентӣ дар замони пандемия сурат гирифт, аз ин рӯ, интихобкунандагон дастпӯш ва ниқоби тиббӣ дошта, қабл аз вориди толори овоздиҳӣ шудан, дар берун намояндагони тандурустӣ ҳарорати бадани онҳоро месанҷиданд.

Маълум аст, ки то ҳол 70 дарсади шаҳрвандон баҳавзаҳои интихоботӣ ҳозир шуда, ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ раъй гузоштанд.

Бар тибқи қавонини кишвар, роҳбари  давлат акнун барои 7 соли оянда интихоб мешавад.