Аз Раҳмон то Убайдуллоев: Наздики 50% раъйдиҳандагон дар интихобот ширкат кардаанд

То кунун беш аз 2 миллиону 295 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботӣ овоз додаанд     
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Ҳузури интихобкунандагон дар интихоботи президентии Тоҷикистон то соати 12:00  46,44% -ро ташкил дод, хабар медиҳад, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо истинод ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ.

Талоши сеюми Ғаффорзода барои президентшавӣ: "умедворам мақоми муайянеро дарёфт мекунем"
Тибқи иттилои расмӣ, то кунун 2 миллиону 295 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботӣ овоз додаанд     

Дар маҷмӯъ, дар Тоҷикистон беш аз 4,9 миллион интихобкунандагон ҳастанд. Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот, 105 399 шаҳрвандон бори аввал дар интихоботи президентӣ овоз медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Дар интихоботи президентӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

То кунун дар маъраки овоздиҳӣ, раҳбари феълӣ Эмомалӣ Раҳмон, рақиби ӯ Абдуҳалим Ғаффорзода, Рустами Эмомалӣ ва собиқ шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ширкат варзиданд.

Дар Рашт аллакай 26 ҳазор интихобкунанда раъй дод

Бино ба иттилои котиботи президент, иштирок ва овоздиҳии раисиҷумҳури амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалию минтақавӣ ҷараён гирифт.