Аз Абу - Забӣ то Вашингтон: ВУХ аз иштироки тоҷикони бурунмарзӣ дар интихобот хабар дод

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, дар кишварҳои хориҷӣ низ маъракаи интихоботӣ шурӯъ шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 октябр - Sputnik. Дар 29 давлати хориҷӣ дасти кам 39 участкаи интихоботӣ созмон дода шудааст, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, дар ҳавзаҳои таъсисдодаи кишварҳои хориҷӣ низ маъракаи интихоботӣ оғоз ёфтааст ва тоҷикони берун аз ватан имкон доданд, дар шароити зарурӣ омада, ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ овоз диҳанд.

Бозкушоии ҳавзаҳои интихоботӣ дар назди намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷ бо қарори Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон созмон ёфт.

Раҷаббой Аҳмадзода ба ҷонибдории номзадаш ба президентӣ овоз дод

Гуфта мешавад, барои интихобкунандагон шароити зарурӣ барои раъйдиҳӣ муҳайё гардидааст.

"Ҳамватанони мо имрӯз дар ин маъракаи сиёсӣ ҷиҳати овоздиҳӣ ба номзади хеш дар хориҷи кишвар дар шаҳрҳои Абу-Забӣ, ал-Кувайт, Алмато, Анқара, Ашхобод, Берлин, Бишкек, Боку, Брюссел, Вашингтон, Вена, Давҳа, Деҳлии Нав, Дубай, Екатеринбург, Женева, Исломобод, Истанбул, Киев, Кобул, Куала-Лумпур, Қоҳира, Лондон, Мазори Шариф, Минск, Маскав, Новосибирск, Нур-Султон, Ню-Йорк, Порис, Пекин, Риёз, Санкт-Петербург, Сеул, Теҳрон, Токио, Тошканд, Уфа ва Файзобод ширкат варзида истодаанд", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки фаъолияти ҳавзаҳои интихоботӣ дар хориҷа то соати 20:00 бо вақти кишвари маҳалли иқомат идома хоҳад ёфт.