Парвози Санкт-Петербург - Душанбе ба таъхир афтод

Сабаби таъхири  парвоз ба Тоҷикистон ба якуним соат аз фурудгоҳи Санкт-Петербург хабар дода намешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Хатсайр аз Санкт-Петербург ба Душанбе лағв гашт. Ин маълумот дар лавҳаи эълони онлайни фурудгоҳ нашр гардид.

Ҳавопаймо аз Русия ба Тоҷикистон ба муддати якуним соат ба таъхир афтодааст.

Беш аз сад парвоз то охири моҳ: ҷадвали нави парвозҳо миёни Русия ва Тоҷикистон

Ҳамин тавр, парвоз на дар соати эълоншуда (10:00), балки соати 11:30 бо вақти Маскав сурат мегирад.

Бақайдгирии мусофирон низ то соати 10:29 тамдид гардида, аз соати 10:50 то 11:20 мусофирон ба ҳавопаймо роҳ дода мешаванд.

Сабаби ба таъхир андохтани парвоз дақиқ карда намешавад.