Озарбойҷон тирборон кардани калисо дар Қаробоғи Кӯҳиро такзиб кард

Иттилои тоза дар бораи тирпарронии биноҳои шаҳрвандӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ аз ҷониби Боку рад карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Боку иттилои нақизи тирборон кардани калисои Казаначесотс дар шаҳри Шуш рӯзи 8 октябр, ки аз ҷониби Ереван паҳн карда шуд, шарҳ доданд.

Озарбойҷон ва Арманистон оташбас эълон карданд

Ба гуфтаи ёвари раисҷумҳури Озарбойҷон Ҳикмат Гаҷиев Арманистон вазъро ба фоидаи худаш ҳал карданист.

"Аввалаш, ҳарбии Озарбойҷон ба калисо ва дигар иншоотҳои шаҳрвандӣ ҳамла намекунад. Дар як вақт, қувваҳои мусаллаҳи Озарбойҷон ба ин самт оташ накушодаанд. Дувумаш он ки, агар ҳамлаи мушакӣ мешуд, иконаҳои дохили калисо сахт осеб медиданд", - қайд кард Гаҷиев.

Низомиён ҳавопаймоҳои F-16-ро истифода намебаранд, ки бо онҳо, мувофиқи изҳороти Ереван ба маъбад ҳамла оварда шудааст, менависад Sputnik  Озарбойҷон.

Алиев: Эрон дар муноқиша миёни Озарбойҷон ва Арманистон рафтори одилона дорад

 

Рӯзи гузашта дар натиҷаи тирпарронии такрории калисои Казаначесотс се рӯзноманигори хориҷӣ ҷароҳат бардоштанд. Байни онҳо як рӯзноманигори рус Юрий Котенок низ ҳаст.

 Ғаробоғи Кӯҳи ин ҳамларо махсус гуфт.

Баҳси байни Озарбойҷон ва Арманистон аз болои ҳудуди ҷумҳурии эътирофнашуда ҳудуди 30 сол аст, ки идома меёбад. Охирҳои моҳи сентябри соли 2020 дар Қарабоғи Кӯҳи амалиёти ҳарбӣ сар шуд.

Дар Озарбойҷон изҳор доштанд, ки Арманистон минтақаҳои аҳолинишинро дар хатти расиш тирборон карданд. Мақомоти Арманистон гуфтааст, ки ин амалиёти ҳарбӣ дар посух ба ҳамлаҳои мушакӣ ва ҳавоӣ буд.

Қайд мекунем, ки 9 октябр дар Маскав нишасти роҳбарони ВКХ Русия, Озарбойҷон ва Арманистон дар масоили ба эътидол овардани вазъ дар Қаробоғи Кӯҳӣ баргузор шуд.