Мақомоти Хуҷанд сабаби баста шудани як қатор тарабхонаву каҳвахона ва тўйхонаҳоро гуфт

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд таъкид доштааст, ки дар як қатор тарабхонаву каҳвахона ва тўйхонаҳои шаҳр қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намешаванд ва ба ҳамин хотир фаъолияти баъзе нуқтаҳои хизматрасонӣ муваққатан манъ карда шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд, қайд кардааст, ки ҳангоми баргузории маросими тӯй дар як қатор тарабхонаву каҳвахона ва тӯйхонаҳои шаҳр қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намешаванд ва ҳамаи ин боис гардид, ки фаъолияти ин нуқтаҳои хизматрасонӣ то бартараф намудани камбудиҳо муваққатан манъ карда шуданд.

Ду дақиқа то куштани вирус аз дафтар ва қаламу қоғаз: ихтирои нави донишгоҳи Хуҷанд

Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, зимни баргузории як рейд аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд айнан чунин камбудиҳо дар бозору марказҳои савдо, ошхонаву муассисаҳои хўроки умум ба чашм расид.

“Дар ин мавзеъҳо бидуни ченкунии таб, фосилаи иҷтимоӣ, набудани монеаи дезинфексионӣ фаъолият ба роҳ монда шудааст. Аз маъмурият то хизматрасонҳо дар марказҳои хӯроки умум бидуни ниқоб хизматрасонӣ ба роҳ монда шудааст, ки омили асосии хатари сирояти беморӣ ба мизољон шуда метавонад. То ҳол дар бозорҳо фосила риоя нашуда, савдои кўчагӣ дар роҳравҳо низ ташкил шудаанд, ки берун аз назорати масъулини дахлдор қарор гирифтааст”, - зикр кардааст манбаъ.

Инчунин манбаъ таъкид доштааст, ки дар шароити феълӣ то ҳол масъулини бозорҳо ва соҳибони ин марказҳои хизматрасониро ба ташвиш водор накардааст.

“Баръакс аз рўйи мақоли “Худам шоҳу табъам вазир” фаъолият намуда, зимни бурдани корҳои назоратӣ уҳдадориҳои беҳдоштиро маҷбуран иҷро намуда, баъдан сарфи назар намуда истодаанд, ки боиси нигаронии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд гардидааст”, - илова кард манбаъ.

Гуфта шудааст, ки ҳарчанд рӯзҳои охир ҳолатҳои сироятёбӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, мақомоти шаҳри Хуҷандро хушбин накардааст, зеро дар як қатор кишварҳои Аврупо ва минтақа аз хуруҷи мавҷи дуюми бемории короновирус хушдор медиҳанд, ки сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кӯча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд.