Нашри “Дафтари ишқ” – китоби шеърҳои Камоли Хуҷандӣ бо забони олмонӣ

Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби навбатӣ бо унвони “Дафтари ишқ” аз чоп баромад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Китоби мазкур аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” ва бо ҳамкории Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ таҳия гардида, тариқи нашриёти “Ношир” ба нашр расид.

Китоби шоири тоҷик дар Эрон нашр шуд

Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, дар китоб бори аввал тарҷумаи 50 шеъри шоир ба забони олмонӣ манзур гардидааст, ки идомаи мантиқии китоби “Ишқи минӯӣ” мебошад.

Манбаъ тавзеҳ дод, мутарҷими нозуктабъ Александр Ҳайзер кӯшиш кардааст, ки ашъори шоирро ҳаддалимкон ба матни асл наздиктар тарҷума намуда, дар ғазалҳо қолаби бадеии аввалияро ҳифз намояд.

“Азбаски баргардони низоми арӯзии ғазалиёти Камол ба забони олмонӣ амалан имконпазир нест, ӯ саъй намудааст, то маонии матлубро дар қолабҳо ва авзони дигари шеърӣ ҷой диҳад ва бад-ин василаи хонандаи олмонизабонро бо яке аз бузургтарин шоирони Шарқ ошно намояд”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки китоб ба ғайр аз худи тарҷумаҳо шомили пешсухани директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ, Олимӣ Рауф Латифзода ва директори Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” Баҳром Раҳматов ва муқаддимаҳои профессор Матлубаи Мирзоюнус ва худи мутарҷим Александр Ҳайзер буда, ғазалҳоро ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба хати форсӣ дарбар гирифтааст.