Прокуратураи генералӣ тафсилоти таҷовузи фарзандхондҳо аз ҷониби падарашонро нашр кард

Додгоҳи шаҳри Душанбе Исанов Турғунҷон Жураевич, сокини шаҳри Душанберо барои таҷовуз ба номуси духтархондаш, ки ҳанӯз ба синни 14 нарасидааст, ба ҳабси якумра маҳкум кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон,Исанов Турғунҷон Жураевич моҳи августи соли 2016 бо шаҳрванд С.З., ки аз шавҳараш ҷудо шуда, соҳиби 2 фарзанд С.Б., санаи таваллудаш 12 декабри соли 2008 ва С.М., санаи таваллудаш 29 ноябри соли 2011 мебошад, бо тариқи никоҳи мусулмонӣ оила барпо намуд. Аз зиндагии якҷояашон соҳиби 1 фарзанд гардидаанд. 

Ҷазои Азизов барои таҷовузи духтарчаи писарамакаш: "ба касе нагӯй, мекушам"

Додситонӣ мегӯяд,  Исанов ноболиғон С.Б. ва С.М.-ро ҳамчун фарзанд қабул намуда, дар тарбияи худ қарор дода, дидаю дониста, ки С.Б. бараъло ноболиғ буда, ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст, ба ӯ дастдарозӣ кардааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда тахминан 25-26 августа соли 2018 ҳангоми набудани ҳамсараш С.З. истифода бурда, ноболиғ С.Б.-ро бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ алоқаи ҷинсӣ намуда, нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст.

Манбаъ мегӯяд, ӯ такроран охирҳои моҳи ноябри соли 2019 дар ҳолати мастӣ ботаҳдиди истифодаи зӯроварӣ нафси шаҳвониашро қонеъ намуда, наболиғ С.Б.-ро таъкид кардааст, ба модараш арз накунад.   

“Боз ӯ, ба ин кирдорҳои ҷинояткоронаи худ қаноат накарда, моҳи майи соли 2020, дидаю дониста ки ноболиғ С.М. ҳанӯз ба синни чордаҳсолагӣ нарасида, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дар манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, танҳо буданашон, номбурдаро маҷбуран ва дар ҳолати ғайритабиӣ алоқа намуда, нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст”,-афзудааст манбаъ.

 Додгоҳи шаҳри Душанбе бо дастрасии моддаҳои 138 қисми 3 банди “а” ва 139 қисми 4 банди “а”-и Кодекси ҷиноӣ Исанов Турғунҷон Жураевичро гунаҳгор дониста, якумра аз озодӣ маҳрум кардааст.

Силсилаи таҷовузи кӯдакон дар Тоҷикистон: сабаб чист, чӣ бояд кард?

Ёдовар мешавем, ду рӯз пеш Додситонии кишвар аз  зиндонӣ шудани як сокини ноҳияи Шаҳринав барои таҷовуз ба номуси духтари писарамакаш, ки ҳанӯз ба синни 14 нарасидааст хабар дода буд.