ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Улфатшоев, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, тақрибан як ҳафта баъд аз таҷлили 75-солагияш дунёро падруд гуфт.
Хабари даргузашти Улфатшоевро дар саҳифаи фейсбукӣ Лутфуллои Азиз, рӯзноманигори ҷавони тоҷик нашр намудааст. Сабаби даргузашти Улфатшоев, ки 30 сентябри соли равон 75-сола шуд, бемории фалаҷ арзёбӣ мегардад.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Аҳмадшо Улфатшоев 30-юми сентябри соли 1945 дар ноҳияи Дарвоз дида ба дунё кушодааст. Фаъолияти ҳунарияшро ба сифати актёри театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ аз соли 1975 оғоз бахшида, то дами марг дар ҳамин даргоҳ заҳмат кашидааст.
Дар намоишномаҳои “Рӯдакӣ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Дохунда”, “Баҳроми Чӯбина”, “Сомонхудот”, “Шамъи маърифат”, “Борбад”, “Алломаи Адҳам”, “Зардушт”, “Бой ва хизматгор”, “Медея”, “Шоҳ Лир”, “Ишқи араб” ва ғайра бо ҳассосияти волову маҳорати худодода нақш офаридааст. Дар синамо низ зиёд ҳунарнамоӣ кардааст.