Табибони оилавӣ дар Суғд вазифадор шуданд, ки беморонро сари вақт табобат намоянд

Мақомоти вилояти Суғд хабар доданд, ки барои пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ баргузор шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилоят дар  ситоди вилояти Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самараддин Ализода, муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини соҳаи тандурустӣ, олимони соҳаи тиб Алишер Мухторов ва Эркин Раҳмонов иштирок доштанд.

Дар ҷаласаи ситоди виляти мақомот таъкид доштааст, ки барои пешгирии бемории сироятии коронавирус дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, барои табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҷаласаи ситод: мақомоти Хуҷанд гуфт барои пешгирӣ аз коронавирус чӣ корҳо анҷом дода шуд

Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки новобаста аз чораандешиҳо бархе аз шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштиро риоя накарда, бидуни ниқобҳои муҳофизатӣ гаштугузор менамоянд.

“Ин ҳолат боиси нигаронӣ буда, бояд ҳар як нафар барои ҳифзи саломатии худу атрофиён масъулияти бештар эҳсос намояд”, - зикр кардааст мнабаъ.

Инчунин, қайд шуд, ки бо супориши Раиси вилоят аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи тиб гуруҳҳои корӣ ташкил карда шуда, барои омӯзиши вазъ ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар шуданд.

“Дар натиҷаи таҳлилҳо муайян гардид, ки бархе аз сокинон нисбати саломатии худ бепарво буда, ҳолатҳои риоя нашудани фосила, надоштани ниқобҳои тиббӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, бозору марказҳои савдо ба қайд гирифта шудааст”, - таъкид доштааст мақомоти вилояти Суғд.

Гуфта шудааст, ки раиси вилоят бори дигар ба масъулини ниҳодҳои марбута барои пурзур намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ супоришҳо дода, таъкид кард, ки корҳои безараргардонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тақвият бахшида шавад.

Дар зимн, табибони оилавӣ низ вазифадор гардиданд, ки назоратро дар маҳал пурзӯр намуда, нафарони беморро сари вақт ба табобат фаро гиранд.

Дар ҳамин ҳол, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самараддин Ализода бо таҳлили вазъи мавҷуда иброз дошт, ки масъулин бояд дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, масъулияти бештар эҳсос намоянд.