Сатторов: парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Душанбе қатъ нагардидаанд

Сафири Тоҷикистон дар Русия эълон кардааст, ки парвозҳои чартери аз Русия ба Душанбе қатъ нагардидааст ва мисли моҳи сентябр, ҳамарӯза панҷ ҳавопаймо ба Тоҷикистон шаҳрвандонро интиқол медиҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Имомуддин Сатторов, сафири Тоҷикистон дар Русия хабарҳоро дар бораи қатъ шудани парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Душанбе рад кард, иттилоъ додааст, сомонаи Pressa.tj.

Сатторов дар бораи донишҷӯёни дар Тоҷикистон бандмонда ва даъват аз шаҳрвандон

Тибқи иттилои манбаъ, изҳороти сафир баъди он садо дод, ки мақомоти Тоҷикистон аз 30-юми сентябр ба ин тараф ҷадвали нави парвозҳои чартериро нашр накарданд ва ин боиси нигаронии муҳоҷирон шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Маскав таъкид доштааст, ки новобаста аз онки ҷадвали нави парвозҳои чартерӣ нашр нашудааст, парвозҳо мисли моҳи пешин, идома дорад.

Дар ҳоли ҳозир ҳамарӯза аз Русия ба Тоҷикистон панҷ парвоз анҷом дода мешавад.

“Ягон нақшаи қатъ кардани парвозҳои чартерӣ вуҷуд надорад. То боз шудани ҳарими ҳавоӣ ба Русия парвозҳои чартерӣ идома меёбанд”, - қайд кардааст Имомуддин Сатторовю

Сафири Тоҷикистон дар посух ба суоли онки парвозҳои доимӣ ба Русия кай оғоз мешаванд, гуфт, Тоҷикистон ҳанӯз моҳи июл омодагии худро барои азсаргирии парвозҳои доимӣ пешниҳод кард ва мунтазири посухи Маскав аст.

“Ҷониби Тоҷикистон омода аст парвозҳои мунтазамро бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ба роҳ монад,” — гуфт Имомуддин Сатторӣ.

Гуфта шудааст, ки дар умум бо ин парвозҳои чартерӣ беш аз 50 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба ҷумҳурӣ баргаштаанд.