ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон Саид Хатибзода ахиран дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба исобати гулӯлаҳои шиллик шуда аз хоки Озарбойҷон ва Арманистон ба хоки Эрон гуфт, ки аз сӯи марзбонони Эрон дар дидор бо марзбонони Озарбойҷон ва Арманистону ироаи номаи эътирози расмӣ дар ин замина, Вазорати умури хориҷаи Эрон низ дар ёддошти расмӣ дар хусуси нақзи тамомияти сарзаминӣ ва ҳамчунин салби амнияту хисороти молӣ ба шаҳрвандони Эронӣ, эътирози шадиди давлатро ба Озарбойҷон ва Арманистон иблоғ кардааст.
Хатибзода бо таъкиди муҷаддад бар ин ки Эрон аз амнияти атбоъи худ ба ҳеч ваҷҳ чашмпушӣ нахоҳад кард афзуд, ки Теҳрон аз Боку ва Ереван хост дар партави равобити дӯстона ва усули ҳусни ҳамҷаворӣ, зимни эҳтиром ба ҳокимияту тамомияти сарзамини Ҷумҳурии Исломии Эрон, тамомии иқдомоту тадобири амниятии лозимро барои ҷилавгирӣ аз такрори ин гуна ҳаводиси ғайриқобилии қабул дар назар гиранд.
Дар рузҳои ахӣир, даргириҳо миёни Озарбойҷон ва Арманистон ба исобати теъдодии ракету хумпораи тарафайни мунозиъа ба теъдоде аз рустоҳо ва манотиқи ҳамҷавор бо марзи ин ду кишвар дар Эрон ва маҷрӯҳ шудани як кӯдаки панҷсолаи эронӣ мунҷар шудааст.