"Халқ чӣ мехоҳад?" – аз забони номзадҳои президентии Тоҷикистон

Маъракаи таблиғотии интихоботи президентии Тоҷикистон ба охир мерасад. Sputnik Тоҷикистон номзадҳо ба мақоми президентӣ ва ашхоси боэътимоди онҳоро дар гӯшаву канори мухталифи кишвар пайдо кард ва аз онҳо пурсид: мардум чӣ мехоҳад?
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Рустам Латифзода, раис ва номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистонро мо дар Хоруғ пайдо кардем. Вай гуфт, бо иттифоқи Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалист ва намояндагони номзадҳои дигар аз сафари ноҳияи Ванҷ ба маркази Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадаанд ва ҳоло ба мулоқот бо интихобкунандагон омодагӣ мебинад.

“Мулоқотҳо дар сатҳи баланд мегузаранд. Интихобкунандагон, бахусус дар кӯҳистон, ба интихобот таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Хилофи интизориҳо онҳо хеле фаъол шудаанд. Он чӣ аз мо беш аз ҳама мепурсанд, ба барномаи мо, бахусус масоил ва мушкилоти соҳаи кишоварзӣ рабт дорад. Масалан, мехоҳанд, ки деҳқонон дастгирӣ ёбанд, аз ҷумла фоизҳои бонкӣ барои онҳо қобили қабул бошад”, - гуфт Рустам Латифзода.

Номзад ба президентӣ, аз тағйири иқтисод то набуди фишорҳо дар маъракаҳои таблиғотӣ гуфт

Қарзҳои бонкӣ

Вақте бо Рустам Раҳматзода, раис ва номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ тамос гирифтем, ӯ дар ноҳияи Ҷалолуддини Румии вилояти Хатлон буд. Вай мегӯяд, номзадҳоро дар навоҳӣ хеле бо гармиву шукуҳ истиқбол мекунанд.

“Соҳибкорон мехоҳанд, ки фоизи қарзҳо поён бошад, то соҳибкорӣ рушд кунад. Ҷавонон масъалаи дастрасӣ ба манзил ва таъмини онҳо бо коррро матраҳ мекунанд. Талаби мардум он чизе аст, ки мо дар барномаи пешазинтихоботии худ дарҷ кардаем”,  - гуфт Рустам Раҳматзода.

Мироҷ Абдуллоев, раис ва номзади Ҳизби коммунист низ ба ҳангоми тамоси мо дар Хатлон, аммо ноҳияи Абдураҳмонӣ Ҷомӣ қарор дошт. Вай гуфт, мулоқотҳо дар сатҳи баланди сиёсиву шароити мусоид, толорҳои пур, ки ҳатто ҷой намерасад ва дар шароити пандемияи “вируси корона” бо риояи қавоиди беҳдоштиву фосилаи иҷтимоӣ баргузор мешаванд.

“Мардумро бештар масоили иқтисодиву иҷтимоӣ ба ташвиш овардаанд. Онҳо аз таъминоти иҷтимоии аҳолӣ, мушкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фоизи баланди қарзҳои бонкӣ суҳбат мекунанд”, - гуфт Мироҷ Абдуллоев.

Сулҳу субот

Аброр Мирсаидов, муовини директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва шахси мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмон, раис ва номзади Ҳизби халқӣ – демократӣ пас аз мулоқоташ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бо Sputnik Тоҷикистон суҳбат кард. Вай гуфт, аз даҳҳо мулоқоту суҳбат бо мардум як нуктаро дарк кардааст, ки онҳо қабл аз ҳама хоҳони сулҳу субот дар кишвар ҳастанд.

Номзад ба президентӣ Эмомалӣ Раҳмон: шарҳи ҳол ва барномаи пешазинтихоботӣ

“Сулҳу субот ва оромӣ ба ғояи миллӣ табдил ёфтааст. Ҳама – мардон, занон, ҷавонон, соҳибкорон аз ин ки шабу нимишаб озоду амн дар кӯча мегарданд, кори тиҷоратӣ мекунанд, розиянд. Сулҳу субот як ғояи миллӣ шудааст. Ин ғояи боркардашуда нест, ҳазмшуда аст. Мардум ноамниҳои солҳои 1990 – ро фаромӯш накардаанд. Аҳамияти ҳамин мавзуъро дарк намудаанд. Мегӯянд, кафили сулҳу субот ҳамин президенти амалкунанда аст”, - гуфт Аброр Мирсаидов.

Маоши муаллим

Бо Абдуҳалим Ғаффоров, раис ва номзади Ҳизби сотсиалист тавонистем пас аз анҷоми мулоқоташ дар Хоруғ тамос гирем. Вай гуфт, интихобкунандагон бо як дилгармӣ ва орзуҳои нек барномаи номзадҳоро писандида, мехоҳанд, ки ҳар касе президенти ояндаи Тоҷикистон мешавад, ин барномаҳоро якҷо карда, татбиқ намояд.

“Имрӯз мардуми шарафманди Бадахшони Кӯҳӣ моро дар толори беҳтарини Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев қабул намуда, дарк карданд, ки чунин ҳамдигарфаҳмии аҳзоби сиёсӣ боиси рушду такомул ёфтани Тоҷикистон мегардад. Онҳо мехоҳанд, сулҳу озодӣ, рушд бошад. Мепурсанд, ки барномаатонро амалӣ карда метавонед, наметавонед. Бунёд кардани заводу фабрикаҳои калонро мехоҳанд, то сафи муҳоҷирони меҳнатиро кам карда, аз қуввату тавони онҳо барои рушди кишвар истифода шавад”, - гуфт Абдуҳалим Ғаффоров.

Ашхоси боэътимод: Эмомалӣ Раҳмонро киҳо ба мардум таблиғ мекунанд?

Раиси Ҳизби сотсиалист гуфт, дар ҳама мулоқотҳое, ки дар саросари кишвар дошт, аз ӯ мепурсанд, маоши омӯзгорро чӣ тур мешавад зиёд кард.

“Ман ба онҳо мегӯям, воқеаҳои солҳои 1990 ба кишвар 10 миллиард доллар зарари моддӣ расонд. Ҳоло маҷмӯӯи маҳсулоти дохилии мо ба 87 миллиард 400 миллион сомонӣ расидааст. Он зарари моддии ҷанги дохилӣ ҳанӯз пӯшонда нашудааст. Ҳамин ки иқтисод қавӣ шуд, маоши муаллим ҳам боло бурда мешавад”, - гуфт Абдуҳалим Ғаффоров.

Маъракаи таблиғотии имсоли интихоботи президентии Тоҷикистон, ки 15 сентябр шурӯӯъ шуда буд, то як рӯзи қабл аз рӯзи интихобот идома хоҳад кард.

Интихоботи президентии Тоҷикистон 11 октябр баргузор мешавад.