Гурӯҳи нозирони байналмилалӣ тариқи марзи шимолӣ ба Тоҷикистон ворид шуданд

Гурӯҳи нозирони байналмилалӣ, ки раванди интихоботи Президенти Тоҷикистонро мушоҳида хоҳанд кард, тариқи гузаргоҳи марзии "Гулистон"-и шаҳри Исфара вориди Тоҷикистон гардиданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Рӯзи 7 октябр, гурӯҳи мушоҳидони байналмилалӣ, ки раванди интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мушоҳида хоҳанд кард, вориди Тоҷикистон шуданд.

Интихоботи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон: танҳо арқом

Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, нозирон тариқи гузаргоҳи марзии "Гулистон"-и шаҳри Исфара вориди Тоҷикистон гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки дар даромадгоҳи шаҳри Исфара меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд Баҳовадин Баҳодурзода ва раиси шаҳри Исфара Акрам Сулаймонзода бо самимияти хоса ва меҳмоннавозии тоҷикона истиқбол гирифтанд.

Номзадҳо ба президентӣ ва шахсони боэътимоди онҳо ба мардуми ВМКБ чӣ гуфтанд

Бино бар иттилои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии  Тоҷикистон, то ба имрӯз дар Тоҷикистон 258 нафар намояндагони ВАО ва 122 нафар мушоҳидони байналмилалӣ аз ИДМ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) , кишвархои Русия, Белорус ва якчанд сафоратхонахои муқими Душанбе номнавис (аккредитатсия) шуда, ба қайд гирифтани намояндагони дигар ташкилотхои минтакавию байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ идома дорад.

Ёдовар мешавем, ки 11 октябри соли равон интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар он 5 номзад аз ҳизбҳои сиёсӣ  иштирок намуда, барои назорати раванди интихобот нозирони созмону ташкилотҳои байналмилалӣ даъват шудаанд.

Сокинони Тоҷикистон бояд байни Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқӣ-демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ якеро президент интихоб кунанд.

Номзад ба президентӣ, аз тағйири иқтисод то набуди фишорҳо дар маъракаҳои таблиғотӣ гуфт

Кӣ пирӯз мешавад? пешгӯии интихоботи президентии Тоҷикистон дар Думаи давлатии Русия

Интихоботи президентиро нозирон аз ИДМ, САҲА ва СҲШ, инчунин намояндагони Русия ва Ӯзбекистон назорат мекунанд.

Аз ҷумла, ҳайати Думаи давлатии Федератсияи Русия аз 9 то 12 октябр барои назорат ба Тоҷикистон меояд.

Гуфта мешавад, ҳайатро муовини раиси кумитаи ИДМ Казбек Тайсаев роҳбарӣ карда, ба он инчунин вакилон Алексей Чепа, Раҳим Азимов ва Дмитрий Савельев шомил хоҳанд шуд.