Александр Сабаев: ташхиси Навалний дар бораи "заҳролудшавӣ" тасдиқ нашуд

Сартоксикологи Сибир ва вилояти Омск, доктори илмҳои тибб, раҳбари шуъбаи ёрии таъҷилии табобатхонаи шаҳрии рақами 1 дар Омск - Александр Сабаев дар бораи табобати Алексей Навалний нақл кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Александр Сабаев доктори илмҳои тибб, раҳбари шуъбаи ёрии таъҷилии табобатхонаи шаҳрии рақами 1 дар Омск дар суҳбат бо РИА Новости гуфт заҳролудшавии Навалний аз эҳтимол дур аст.

Ба гуфти пизишк, дар бадани Навалний вайроншавии мубодилаи карбогидратҳо ташхис карда шуд, ки аз он бемор бомуваффақият табобат карда шуд ва дар тӯли чанд соат онҳо тавонистанд вазъи ӯро ба таври назаррас беҳтар гардонанд.

Ӯ ҳамчунин дар бораи вазъи одам пас аз заҳролудшавӣ нақл кард.

- Александр Владимирович, Алексей Навалний ба назди шумо афтод, ки баъд бемори табобатхонаи Берлин шуд. Ман суоли оддие дорам, оё заҳролудшавӣ буд?

Чаро Навалний бо олмониҳо бо “Новичок” бозӣ дорад

- Заҳролудшавӣ набуд. Заҳролудшавӣ чун яке аз сабабҳои бад шудани вазъи саломатӣ ҳисобида мешуд. Аммо дар тӯли шаш соати будубоши ӯ дар клиникаи мо ташхиси заҳролудшавии шадид бекор карда шуд. Гузашта аз ин, он на аз ҷиҳати клиникӣ, на аз ҷиҳати анамнестӣ ва на аз ҷониби таҳқиқоти кимиёви-токсикологӣ тасдиқ карда нашудааст. Яъне, мо ҳеҷ далеле дар бораи заҳролудшавии шадид пайдо накардем.

- Набошад чӣ буд? Ҳоло, ба назари ман, мафҳуми "махфияти тиббӣ" бемаънист, чун Путинро аллакай ба заҳролуд кардани Навалний айбдор мекунанд. Изҳорот буд, ки Навалний заҳролуд шудааст ва дар он ҷо чизе пайдо карданд. Ин аллакай дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст, як масъалаи азими сиёсӣ. Хуб, чӣ шуд? Шумо дар таърихи беморӣ воқеан чӣ навиштед? 

- Комилан дуруст, ташхис ҳамон аст, ки дар тӯли ин моҳҳо буд: вайрон шудани мубодилаи карбогидратҳо. Ин ҷои пинҳон кардан нест. Ин як ҳолати мубодилаи воқеан вазнин аст. Ин бемории шадиди кимиёвӣ нест, тавре ки баъзе ҷонибдорони бемор тасаввур мекунанд. Ин ҳолати мубодилаи моддаҳо, ихтилоли шадиди мубодилаи моддаҳо мебошад, ки ба эҳтимоли зиёд якчанд соат, шояд ҳатто як рӯз пеш аз лаҳзаи бад шудани вазъаш дар ҳавопаймо буданаш ба вуҷуд омадааст.

Мо ҳам бо ихтилоли шадиди мубодилаи моддаҳо мубориза бурдем, ки дар маҷмӯъ, тавонистем ҳадди аққал вазъиятро ба эътидол орем. 

Бояд бигӯям, ки бемории шадиди кимиёвӣ ва бемориҳои метаболикӣ равандҳои гуногуни патологӣ мебошанд, ки умумияте надоранд. Аз ин рӯ, бемории кимиёвӣ вуҷуд надошт, ҳамон тавре ки оқибатҳои омили кимиёвӣ нахоҳанд буд. Тағироти метаболикӣ - бале, онҳо ба амал омаданд. Мо бар зидди онҳо мубориза бурдем ва дар маҷмӯъ, дар тӯли 40-42 соати будубош дар клиника  ба натиҷаҳои мусбӣ ноил шудем.

- Сабаби аслии ин бемории шадид чӣ буд?

- Он метавонад чанд сабаб дошта бошад. Ин метавонад натиҷаи истифодаи машруботи спиртӣ бошад. Ё парҳез кардан ва ё иҷро накардани парҳез. Сабабҳои аслӣ ҳаминҳоянд. Вале он, ки тағйироти метаболикӣ будаанд, ин натиҷаи озмоиш аст. Ин натиҷаи тестҳое ҳаст, ки мо ҳашт маротиба гузаронидем. Мо ҳама гуна ташхисҳоро ҳамроҳи сармутахассисон, кормандони Донишгоҳи тиббии Омск гузаронидем ва ҳамааш аз ҷониби коллегия баррасӣ шудааст ва ҳуҷҷат карда шудааст. Барои ҳамин ташхиси заҳролудшавӣ тамоман беҷо аст. 

Чаро Меркел пинҳонӣ бо Навалний дидор кард?

- Вале ин ҳама дар пасманзари панкреатити музмим?

- Албатта, бешубҳа. Ғадуди зери меъда, осеб дид, инро мо бо санҷишҳои гузаронидаамон дидем.

- Мумкин аст, аз ин одам бимирад?

- Албатта. Фарзияи асосӣ - халалдор шудани ғадуди зери меъдаи ин  бемор буд. Ба  эҳтимоли зиёд, халалдоршавӣ боиси тағйирёбии шадиди қанди хун, шадид, таъкид менамоям, тағйиротро аз нишондоди хеле паст ба дараҷаи баланд, яъне аз се то 20 ммол баландтар бардошт. Ин хеле хатарнок аст. Вазифа ин буд, ки онро ба доираи муқаррарӣ расонем. Мо дар 12-14 соат аз лаҳзаи ба табобатхона овардан, ба ҳамин ҳадафамон расидем.

- Мешавад гуфт, ки шумо Алексейро аз марг наҷот додед?

- Албутта. Гуфта метавонам, ки бадтарин вазъият яъне бӯҳрони бемор соати 1-и шаб аз 20 август ба  21 буд, ки он замон сатҳи лактат дар хун ба сатҳи ҳалкунанда расид. Он 12 буд дар сурате, ки маълуман бояд ду бошад. Дар ин давра, эҳтимолан, бадани инсон зарбаҳои шадидтаринро аз сар гузаронид. 

Яъне, бӯҳрон на дар ҳавопаймо ва на ҳангоми қабул, бӯҳрон баъдтар рух дод, пас аз тақрибан 14 соати будубош дар клиникаи мо, аз соати 1 то 9-и субҳ, яъне дар тӯли ҳафт то ҳашт соат вазъи бӯҳронӣ ба вуҷуд омад. Дар чунин ҳолат, мо метавонистем, пайдоиши синдроми нокомии узвҳоро интизор шавем, ки боиси марги бемор мешуд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия изҳороти Берлинро дар бораи Навалний шарҳ дод

- Чӣ гуна шумо инро пешгирӣ кардед, амалан шумо чӣ корҳоро анҷом додед?

- Терапияи интенсивӣ гузаронида шуд, инсулини таъсирбахш сӯзандорӣ карда шуд, хоби мӯътадил. Албатта, бояд қайд кард, ки мард ҷавон аст, захираҳо буданд, вале бемориҳои ошкорои музмини фаромӯшшуда низ вуҷуд доштанд. Аммо кор босуръат бурда шуд - ин мониторинги соатбайи кори ҳамаи функсияҳо ва системаҳо мебошад.

- Заҳр дар бадани инсон чӣ гуна рафтор мекунад, он гоҳ чӣ тасвири клиникӣ медиҳад, аз он чӣ ки мо мушоҳида кардем, чӣ тафовуте дорад?

Вақте ки мо дар бораи бемории кимиёвӣ сухан меронем, мо бояд аз ду раванд бохабар бошем. Инҳо токсикокинетика ва токсикодинамика мебошанд, ба ибораи дигар, токсикокинетика сарнавишти заҳр дар бадан аст, ҳар гуна заҳр, ҳатман изи худро боқӣ мегузорад, гузариши он бетаъхир монда наметавонад. Пеш аз ҳама, он нишонаҳои худро дар узвҳои заҳролудшавӣ - ҷигар, гурда, шуш дар ҷои аввал, дар нимсоати аввал, як  ё ду соат боқӣ мегузорад.