Ҷазои Азизов барои таҷовузи духтарчаи писарамакаш: "ба касе нагӯй, мекушам"

Додгоҳи олии Тоҷикистон Олимбой Азизов, сокини ноҳияи Шаҳринавро барои таҷовуз ба номуси духтари писарамакаш, ки ҳанӯз ба синни 14 нарасидааст, ба 18 соли зиндон маҳкум кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон, Азизов Олимбой Тухтаевич аввалҳои моҳи январи соли 2019 ба манзили истиқоматии писарамакаш Азизов, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав, ҷамоати деҳоти Ҳасанов ворид гашта, дар набудани аъзои оила ба номуси духтарчаи писарамакаш дастдарозӣ намудаст.

Силсилаи таҷовузи кӯдакон дар Тоҷикистон: сабаб чист, чӣ бояд кард?

Додситонӣ мегӯяд, Азизов ба духтари писарамакаш, зодаи соли 2005 ҳуҷум карда, дидаю дониста, ки номбурда баръало ноболиғ буда, ҳанӯз ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст ва дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дохили ҳуҷраи хоб дароварда, ба тариқи маҷбурӣ алоқаи ҷинсӣ намудаст.

Манбаъ афзуд, баъди алоқаи ҷинсӣ Азизов ба ноболиғи ҷабрдида таҳдид кардааст, ки агар дар бораи ҳодисаи рухдода ба касе гӯяд, ӯро ба қатл мерасонад.

Ба иттилои додситонӣ, Азизов такроран 23 январи 2019 аз набудани волидони ноболиғ истифода бурда, дар пешдолони манзили истиқоматӣ, тариқи маҷбурӣ бо ҷабрдида алоқаи ҷинсӣ карда, нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст. Додситонӣ мегӯяд, баъд аз ин ҳолат ҳам ӯ ноболиғро таҳдид намудааст, ки ба касе хабар надиҳад. 

Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаро баррасӣ карда, Азизовро ба муҳлати 18 сол равонаи зиндони низомаш сахт кардааст.