Русия арзиши як вояи ваксинаи зидди коронавирусро гуфт

Хадамоти федералии зиддиинҳисории Русия эълом кард, ки нархи ҳадди аксари як вояи (доза) ваксина алайҳи COVID-19 аз ҳазор рубл зиёд нахоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар Русия арзиши ниҳоӣ барои як воя ваксинаи зидди коронавирусро эълон карданд, хабар медиҳад РИА Новости.

Русия ба кишварҳои ИДМ ваксинаи тайёр медиҳаду ба дигарон истеҳсолашро меомӯзад-видео

Ба гуфтаи роҳбари Хадамоти федералии зиддиинҳисорӣ Игор Артёмев, арзиши ваксинаи COVID-19 аз ҳазор рубл зиёд нахоҳад шуд ва дар оянда нарх он поин хоҳад рафт.

Ӯ гуфт, коҳиш пас аз дастрас шудани маълумоти кишварҳои референтӣ, ки дар таҳияи гузориши коршиносон оид ба бехатарӣ, самаранокӣ ва сифати ваксина дар асоси таҷриба иштирок мекунанд, ба амал меояд.

“Мо дарк мекунем, ки нарх метавонад хеле баланд бошад, барои мисол, ҳудуди ҳазор рубл барои як воя, зеро он нисбатан кам истеҳсол шуда, барои тавлидоти бештари он сармоя лозим аст”, — таъкид кард, Артёмев.

Ёдрас мешавем, моҳи август Русия нахустин ваксини зидди коронавирусро сабтином  кард.

Нахустин дар ҷаҳон: ваксинаи Русия алайҳи COVID - 19 чӣ гуна сохта шуд

"Спутник V"-ро вазорат якҷо бо Маркази тадқиқотии ба номи Гамалеи ва Бунёди сармоягузории Русия таҳия кардааст.

Маҳдудиятҳо пас аз ваксинаи COVID - 19: ҳомиладорӣ, синамаконӣ, машруботу тамоку манъ аст

Он дар рафти озмоиш дар бадани сад дар сади ширкаткунандагони санҷиш масуният ҳосил кард ва дар ягон меъёр падидаи номатлуби ҷиддиеро ба миён наовард.