Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Пӯшидани ниқоби тиббӣ дар Эрон иҷборӣ шуд

Яке аз муҳимтарин равишҳои интиқоли Ковид - 19 аз тариқи интишори қатраҳои олудаи оби даҳони фарди бемор ба атроф аст, ки маъмулан дар ҳангоми сӯҳбат, сурфа ва атса иттифоқ меафтад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Дар Эрон ҳамакнун пӯшидани ниқоби тиббӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ иҷборӣ шуд.

Коронавирус нест, аммо: дар Туркманистон пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмӣ шуд

Муовини кулли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз иҷборӣ шудани пӯшидани ниқоб дар Теҳрон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эраҷи Ҳарирчӣ рӯзи сешанбе гуфт пӯшидани  ниқоб дар Теҳрон аз шанбеи оянда иҷро мешавад ва дар мавриди мизону чигунагии ҷаримаи касоне, ки аз ниқоб истифода намекунанд низ коршиносиҳои мухталифе дар ҳоли анҷом аст .

Ҳарирчӣ гуфт дар остони Теҳрон  вазъият ногувор аст ва ҳамакнун 4 793 бемори Ковид -19 дар бахшҳо ва 948 бемори дигар низ дар бахши муроқибатҳои вижа бистарӣ ҳастанд .

Яке аз муҳимтарин равишҳои интиқоли Ковид - 19 аз тариқи интишори қатраҳои олудаи тарашшуҳоти танаффусии фарди бемор ба атроф аст, ки маъмулан дар ҳангоми сӯҳбат, сурфа ва атса иттифоқ меафтад .

Ин масъала  зарурати истифодаи дуруст аз ниқобро ба унвони муҳимтарин омили боздоранда дар баробари вируси корона нишон медиҳад .