Номзад ба президентӣ, аз тағйири иқтисод то набуди фишорҳо дар маъракаҳои таблиғотӣ гуфт

Номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон Рустам Раҳматзода гуфт, ки иқтисоди кишварро бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ , бояд рушд дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Тоҷикистон бояд барои расидан ба ҳадафҳое, ки дар Стратегияи миллии рушди худ то соли 2030 пешбинӣ кардааст, иқтисоди худро навсозӣ кунад, гуфтааст раҳбари Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон (ҲИИТ) Рустам Раҳматзода ба хабаргузории ТАСС.

Ӯ гуфт, ки стратегияи соли 2015 қабулшуда, аз ҷумла, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ташаккул ва афзоиши ҳиссаи синфи миёна, индустрикунонии сареъ ва гузариш ба модели саноатӣ-кишоварзиро дар назар дорад.

"Кишвар ба тағирот ниёз дорад, бояд иқтисоди кишварро бо истифода аз усулҳои инноватсионӣ рушд дод, он гоҳ Тоҷикистон метавонад дар қатори 80 кишвари пешрафта, ки дар ин стратегия пешбинӣ шудааст, имконпазир бошад. Ин имконпазир аст. Ҳизби мо ба интихобкунандагон барномаи аз ҷиҳати илмӣ асосёфтаро дар заминаи навоварӣ пешкаш мекунад",- гуф ӯ.

КМИР номзадҳо ба президентиро сабт кард: 5 нафаранд-ном ба ном

Зимни суханронӣ дар бораи ҷараёни маъракаи интихоботӣ, Раҳматзода қайд кард, ки дар давраи таблиғот муносибати ягона барои ҳама ҳизбҳо вуҷуд дорад ва ягон фишор вуҷуд надорад.

Сачоқ, собун, авторучка... Интихоботи президентӣ чӣ тавр бояд гузарад? - санади расмӣ

"Ба андешаи ман, дар кишвар шароити баробар, муҳити озоди демократӣ, дастрасӣ ба васоити ахбори омма, аз ҷумла ғайридавлатӣ ва хориҷӣ фароҳам оварда шудааст", - гуфт ӯ.

Вай инчунин гуфт, ки дар робита бо пандемияи коронавирус, ҳамаи номзадҳо тасмим гирифтанд, ки дар якҷоягӣ бо интихобкунандагон мулоқотҳо гузаронанд, ки дар он ҳама ба онҳо якбора вақт дода мешавад.

Раҳматзодаи 60-сола дорандаи дипломи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва доктори илмҳои иқтисодӣ мебошад. Ӯ дар Академияи кишоварзии Маскав ба номи К.А.Тимирязев рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

КМИР нигарониҳо аз густариши вируси корона дар рӯзи интихоботро беасос хонд

Номбурда соли 2019 раҳбари ҳизб шуд, ки ҳоло беш аз 31 ҳазор нафар аъзо дошта, бори аввал дар интихоботи президентӣ ширкат меварзад.

Омодагӣ ба интихоботи президентӣ: КМИР гуфт дар 29 кишвар ҳавзаҳои овоздиҳӣ таъсис медиҳад

ҲИИТ соли 2005 таъсис ёфта, пас аз як сол  дар интихоботи президентии кишвар дар соли 2006, раҳбари вақти он Олимҷон Бобоев 6,2% овозҳоро ба даст оварда буд.

Дар интихоботи президентии соли 2013, Бобоев 3,91% овозҳоро ба даст овард. Ин ҳизб аз соли 2010 дар парлумон намоянда дорад.

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон охири ҳафтаи равон, 11 октябр баргузор мешавад.

Нухустин мулоқоти КМИР бо мардум: мақомот аз сокинон хоҳони зиракии сиёсӣ шуданд

Барои дарёфти курсии президенти Тоҷикистон панҷ номзад мубориза мебаранд: Мироҷ Абдуллоев аз коммунистон, Абдухалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист, Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ, Эмомалӣ Раҳмон аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил, Иттифоқи ҷавонон ва Ҳизби халқӣ-демократӣ бо сарварии ӯ ва Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ