ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Яке аз наздиконаш, ки нахост номашро зикр кунем, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф муназзам варзиш мекард ва шикояте аз сиҳатии худ надошт.
"Марги ӯ барои мо ногаҳонӣ буд, аммо ҳама дар дасти Офаридгор аст ва ҳар чӣ аз ӯ омад, қабул мекунем", - гуфт ӯ.
Холбозор Шарипов, маъруф ба Абдуллоҳи Муҳаққиқ, 1 августи соли 1963 дар деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, хатмкардаи факултаи забону адабиёти Донишгоҳи давлатӣ (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) – и Тоҷикистон (1980 – 1985) мебошад.
Дар бораи зиндагии ӯ тафсилоти зиёде вуҷуд надорад. Ба қавли наздикон, як муддат дар мақомоти милиса кор карда, то соли 2015 корманди Маркази исломшиносии Тоҷикистон буд ва пас аз он, аз фаъолиятҳои илмиву коршиносӣ канор рафт.
Исми Абдуллоҳи Муҳаққиқ пас аз он ба забонҳо афтод, ки дар замони густариши ақоиди салафия ва пайдо шудани пайравони ин ҷараёни мазҳабии ислом дар Тоҷикистон бо онҳо ба баҳсҳои аланӣ пардохта, як китоберо таҳти унвони "Салафия: диди муосири илмӣ‐сиёсӣ" ба чоп расонд.
Полковники роҳбару ободкор: муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон даргузашт
Муҳаққиқон онро нахустин асари таҳлилӣ дар қаламрави Осиёи Миёна арзёбӣ карданд, ки парда аз рӯи афкор ва моҳияти иртиҷоии ин ҷараён бармедорад.
Мавқеи зиддисалафии Муҳаққиқ ҷонибдорони ин ҷараёнро, ки маъмулан дар кишварҳои Халиҷи олами араб густариш ёфтааст, ба шӯр андохт ва як замон ӯ таҳти таҳдиду фишор ва ҳамлаҳои лафзии онҳо қарор гирифт.
Абдуллоҳи Муҳаққиқ ҳамчун коршиноси динӣ соли 2016 пешниҳод кард, ки ҳамсари Президент Эмомалӣ Раҳмон ба хотири адои намоз дар дохили Каъбатуллоҳ пешвои занони мусалмони Тоҷикистон эълон шавад.
Мукаррама Қосимова - забоншиноси тоҷик даргузашт
Ин пешниҳод таваҷҷӯҳи ҳукумату ҷомиаро ба худ ҷалб накард. Зоҳиран ин охирин мавриди ҷилваи Абдуллоҳи Муҳаққиқ ҳамчун коршинос дар расонаҳо буд. Солҳои ахир, ба қавли наздикон, ӯ бо корҳои рӯзмарраи рӯзгор машғул буд. Марҳум зуҳри имрӯз, 7 октябр, дар қабристони зодгоҳаш ба хок супурда шуд.