Жириновский: озариҳо - форсанд, ки туркҳо дар роҳ аз Осиёи Марказӣ онҳоро турконданд-видео

Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия, мегӯяд, танишҳо дар Қафқоз як муборизаи куҳна мебошад ва таъкид кард, ки озариҳо аслан форсанд, ки туркҳо зимни ҳаракат аз Осиёи Марказӣ ин қабиларо турконданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik.  Жириновский гуфт, 56 сол боз ба масоили Қафқоз машғул асту ягона мутахассис дар бинои Дума дар ин бахш мебошад.

Оё Туркия метавонад дар Қафқоз Русияро ба танг орад?

“Ин муборизаи куҳна аст, мо бо Империяи Форсҳо ва Туркия меҷангидем ва дар натиҷа ба заминҳое соҳиб шудем, ки қаблан ба қаламрави Империяи Форсҳо шомил буданд. Қисми бештараш чун ҷуброн барои куштори сафири рус, Грибоедов, дар соли 1829 гирифта шуданд”, - изҳор дошт ӯ.

Вай илова намуд, ки қисми бештари озариҳо дар Эрон зиндагӣ мекунанд ва далел овард, ки агар дар Озорбойҷон 8 миллионанд, дар Эрон беш аз 20 миллион озариҳо иқомат доранд, дар маҷмуъ ҳудуди 30 миллионанд.

“Аслан озариҳо қабилаи форс мебошад. Аммо туркҳо, ки аз Осиёи Марказӣ ба сӯи Византия равон буданд, онҳоро турконданд, маҷбур карданд забони туркиро қабул кунанд. Форсу озорбойҷонӣ аслан як халқанд, ки озарӣ ба туркӣ гап мезанад”, - гуфт Жириновский.  

Дар пасманзари таниши охир дар Қарабоғи куҳӣ, Жириновский аз ҷумла пешниҳод карда буд, ки ин минтақа ба ҳайати Русия ворид шавад.

"Ман дарҳол мегӯям, чӣ кор бояд кард. Роҳи аввал - ворид шудани Қарабоғи Кӯҳӣ ба ҳайати Русия чун воҳиди мустақили маъмурӣ. Яъне 86-ум. Он замон ҳам озарбойҷониҳо ва ҳам арманиҳо ором мешаванд - на ба инҳо ва на ба онҳо. Розӣ нестед? Он замон ҳама якҷо ба ҳайати Русия - ҳам Арманистон ва Озарбойҷон ва ҳам Қарабоғи Кӯҳӣ", - гуфт Жириновский.

Ахиран раҳбари Ҳизби либерал - демократи Русия инчунин изҳор дошт, ки ин мушкилро танҳо дар сурати делмилитаризатсияи пурра мешавад ҳал кард.

"Дар Қафқоз бояд демилитаризатсияи пурра гузаронида шавад. Бо он ҳаҷми аслиҳае, ки имрӯз дар дасти ҳарду ҷониб ҳаст, низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ ҳеҷ гоҳ хотима намеёбад", - навиштааст Жириновский дар шабакаи Telegram - и худ.