Тоҷикистон бо Туркия ва Чин парвозҳои мустақимро барқарор мекунад

Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии  бемории коронавирус ба барқарор кардани парвозҳои миёи Тоҷикистону Туркия ва Тоҷикистону Чин иҷоза дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Оғоз аз моҳи октябр пас аз ҳафт моҳи танаффус, парвози мустақим дар масири Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Урумчӣ барқарор мегардад.

Тасмими барқарор намудани парвозҳо дар масири Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Урумчӣ, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии  бемории коронавирус ва бо назардошти риояи ҳатмии санитарию эпидемикӣ гирифта шудааст, - мегӯяд директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Икром Субҳонзода.

Парвоз дар самти  Душанбе-Истанбул ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии "Somon Air"-и Тоҷикистон  ва "Turkish Airlines"-и Туркия сурат мегиранд, менависад АМИТ "Ховар".

Авиатсияи Русия аз сабти номи ширкати нави ҳавопаймоии Тоҷикистон хабар дод

Парвози мустақим дар масири Душанбе-Урумчӣ вобаста ба теъдоди мусофирон дар ду ҳафта як маротиба аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон — "Somon Air" ва Чин — "China Southern Airlines" анҷом дода мешавад.

Манбаъ афзуда, ки ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Душанбе-Тошканд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҳоли бозбинӣ қарор дорад.

Таъкид шуда, ки зимни парвоз мусофирон ҳатман бояд бо худ санади ташхиси манфӣ аз COVID - 19, ик на пештар аз 72 соат бояд гирифта шуда бошад, дошта бошанд.

Ёдовар мешавем, ки оғоз аз 20 марти соли равон Тоҷикистон парвозҳои ҳавопаймоҳоро дар иртибот  ба хуруҷи вируси COVID-19 ба бисёр кишварҳои дунё қатъ намуда буд, ки ҳадафаш пешгирӣ аз зуҳури ин вирус ва таъмини саломатии  аҳолии мамлакат арзёбӣ мегардид.

Феълан дар масири Душанбе –Дубай парвози мустақим  сурат гирифта, инчунин байни Душанбе  ва бархе аз шаҳрҳои Русия парвозҳои махсус барои овардани шаҳрвандони мамлакат анҷом дода мешаванд.