“Сомон Эйр” рӯзу соати парвозҳо ба Туркияро эълон кард

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” хабар дод, ки аз санаи 8-уми октябри соли ҷорӣ парвозҳои мунтазамро дар хатсайри Душанбе-Истанбул-Душанбе барқарор менамояд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ширкат, парвозҳо ҳафтае як  маротиба, рӯзҳои панҷшанбе иҷро мешаванд.

Авиатсияи Русия аз сабти номи ширкати нави ҳавопаймоии Тоҷикистон хабар дод

“Вақти парвоз аз Душанбе 06:00, аз Истанбул 10:45 ба вақти маҳаллӣ мебошад”, - таъкид кард манбаъ.

Тасмими барқарор намудани парвозҳо дар масири Душанбе-Истанбул ва Душанбе-Урумчӣ, тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии  бемории коронавирус ва бо назардошти риояи ҳатмии санитарию эпидемикӣ гирифта шудааст, мегӯяд директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икром Субҳонзода.

Ба иттилои манбаъ, парвоз дар самти  Душанбе-Истанбул ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии "Somon Air"-и Тоҷикистон  ва "Turkish Airlines"-и Туркия сурат мегиранд.

Парвози мустақим дар масири Душанбе-Урумчӣ вобаста ба теъдоди мусофирон дар ду ҳафта як маротиба аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон — "Somon Air" ва Чин — "China Southern Airlines" анҷом дода мешавад.

Манбаъ афзуда, ки ба роҳ мондани парвозҳои мустақим байни шаҳрҳои Душанбе-Тошканд аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ҳоли бозбинӣ қарор дорад.