Шаби ноором дар Қирғизистон: гузориши аксӣ аз тазоҳуроти Бишкек - акс

Sputnik

Даргирӣ миёни тазоҳургарон ва мақомоти пулис соатҳои 8-и бегоҳ (бо вақти Бишкек) авҷ гирифт. Мардуми норозӣ ба назди "Қасри Сафед" наздик мешуданд ва ба девораҳои он баромада ба сӯи бино ҳуҷум карданд.

Дар ҳамин ҳол, қувваҳои вижа омада мардумро бо гази ашковар меронд, вале тазоҳургарон ба осонӣ майдонро холӣ намекарданд.

Вазъияти Қирғизистон соат ба соат: сӯхтор дар "Кохи Сафед" ва ҷароҳати 600 тан

Даргирӣ миёни мақомот ва тазоҳургарон чанд соат идома кард. Дар умум дар паи таниш 590 кас ҷароҳатдор шуда, як нафар ҷон бохт ва 13 каси дигар дар шуъбаи эҳё қарор гирифтанд. Дар тазоҳурот 3-4 ҳазор кас ширкат кард.

Наздики соати 3-и шаб, тазоҳургарон "Кохи Сафед" - ро забт карданд. Кормандони мақомот он замон дида намешуданд.

Наздики соати 4-и саҳар тазоҳургарон ба ҷониби бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рафтанд ва озод кардани Алмосбек Отамбоевро талаб карданд.

Пас аз ним соат, собиқ раисиҷумҳур дар иҳоати ҷонибдоронаш берун шуд.

Соати 7-и бомдод аз тирезаҳои "Кохи Сафед", ки ба дасти мухолифин афтод, дуд баромад.

Соати 7:30 дар бораи озод шудани сарвазири пешин Сапар Исоқов ва вакили собиқ Равшан Жээнбеков хабар дода шуд.

Сухангӯи президент Тологонай Стамалиева изҳор дошт, ки Сооронбой Жээнбеков вазъиятро таҳти назорати худ гирифтааст.

1 / 12
Рӯзи 5 октябр дар майдони Ала-Тоои Бишкек 3-4 ҳазор мардуми норизо аз натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ҷамъ омаданд.
2 / 12
Тазоҳурот ба даргирӣ бо мақомоти пулис табдил ёфт.
3 / 12
Даргирӣ миёни тазоҳургарон ва мақомоти пулис соатҳои 8-и бегоҳ (бо вацти Бишкек) авҷ гирифт.
4 / 12
Мардуми норозӣ ба назди "Қасри Сафед" наздик мешуданд ва ба девораҳои он баромада ба сӯи бино ҳуҷум мекарданд.
5 / 12
Дар ҳамин ҳол, қувваҳои вижа омада мардумро бо гази ашковар меронд, вале тазоҳургарон ба осонӣ майдонро холӣ намекарданд.
6 / 12
Наздики соати 3-и шаб, тазоҳургарон "Кохи Сафед" - ро забт карданд. Соати 7-и бомдод аз тирезаҳои "Кохи Сафед", ки ба дасти мухолифин афтод, дуд баромад.
7 / 12
Даргирӣ миёни мақомот ва тазоҳургарон чанд соат идома кард. Дар умум дар паи таниш 590 кас ҷароҳатдор шуда, як нафар ҷон бохт ва 13 каси дигар дар шуъбаи эҳё қарор гирифтанд. Дар тазоҳурот 3-4 ҳазор кас ширкат кард.
8 / 12
Наздики соати 4-и саҳар тазоҳургарон ба ҷониби бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рафтанд ва озод кардани Алмосбек Отамбоевро талаб карданд.
9 / 12
Феълан дар майдони Ала-Тоо 1500 нафар аз тазоҳургарон қарор доранд. Сӯхтор дар "Кохи Сафед" хомӯш карда шуд ва ризокорон атрофи биноро тоза доранд.
10 / 12
Наздики соати 4-и саҳар тазоҳургарон ба ҷониби бинои Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рафтанд ва озод кардани Алмосбек Отамбоевро талаб карданд.
11 / 12
Президенти кишвар Сооронбой Жээнбеков бекор кардани натоиҷи интихоботи парлумониро аз эҳтимол дур намедонад.
12 / 12
Раисиҷумҳур мардум ва аҳзоби сиёсиро ба хотири давлат ва шаҳрвандонаш ба эҳтиёткорӣ даъват кард.