Се маротиба ба шикамаш корд зад: боздошти ҷавони 23-сола

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошт шудани ҷавони 23-сола ба иттиҳоми сӯиқасд хабар медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тибқи иттилои ВКД, аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ҷавони 23-солаи сокини шаҳри мазкур ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарар ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Марди маст дар шаҳри Норак ҳамқадаҳи 50 - солаашро корд зад

Гуфта мешавад, ки ҳодисаи мазкур, рӯзи 4-уми октябр тахминан соати 22:00 рух додааст.

Бино ба гузориши ВКД, номбурда ҳангоми дар кӯчаи Т. Собирии шаҳри Ваҳдат қарор доштанаш, аз рӯи муноқишаи ба миён омада бо марди 41-солаи сокини кӯчаи мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 3-маротиба ба қисмати шикамаш задааст.

Боздошти авбош: дар ҳолати мастӣ марди 56-соларо се корд зад

"Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.