Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Прокурори Суғд гуфт, баъзе мансабдорон дар замони COVID-19 даст ба қонуншиканӣ задаанд

Прокурори вилояти Суғд - Ҳабибулло Воҳидов вазъи санҷиши соҳаи ҳифзи аҳолӣ дар замони ҳамагирии COVID-19 ро шаҳр дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Ӯ гуфт, ки дар ин давра ҳолатҳои ба муомилот баровардани дорувории пастсифати кӯҳнашуда, номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ ва азонихудкунии маблағҳои буҷҷавӣ ошкор карда шудааст.

Ҳабибулло Воҳидов, прокурори вилояти Суғд дар ҷаласаи ҳайати мушовараи ин ниҳод гуфт, дар пайи санҷишҳои прокурорӣ давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ 1600 дорувории кӯҳнашуда ва беш аз 2760 номгӯи маводи тиббӣ бе доштани сертификат аз дорухонаҳо боз дошта шуда, нисбати 138 нафар қонунвайронкунандаҳо парвандаҳои маъмурӣ ва ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Ҳабсу парванда алайҳи табибони Хуҷанд: прокурор гуфт, ба қасами хӯрдаатон хиёнат накунед

Прокурори вилоят дар ҷараёни ҷаласае, ки дирӯз вазъи риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ баррасӣ мешуд, таъкид намуд, ки дар ин самт як қатор қонунвайронкуниҳо аз ҷониби ашхоси мансабдор ба қайд гирифта шудааст.

"Дар рафти санҷишҳои риояи вазъи қонунгузории соҳаи беҳдоштӣ, ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор риоя нагардидани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, санитарию эпидемиологӣ, ба муомилот баровардани дорувории пастсифат, бе иҷозатнома ба қайдгирии давлатии маводи доруворӣ, номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ, азонихудкунии маблағҳои буҷҷавӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор карда шудаанд", - иттилоъ дод Воҳидов.

Прокурори Суғд иброз намуд, ки дар натиҷаи ошкоршавии инчунин ҳолатҳо 163 адад санадҳои беэътиноӣ бароварда шуда, 230 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ кашида шуда, нисбати 33 нафар парвандаҳои ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ дар умум ба мақомоти прокуратураи вилояти Суғд 8215 муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст.