ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Дар робита ба авҷ гирифтани маризии сироятии коронаиврус, Русия шояд дигарбора марзҳояшро ба рӯи кишварҳои дигар маҳкам кунад, мегӯяд муовини роҳбари Кумитаи иҷтимоии Шӯрои Федератсия Валерий Рязанский.
Ба гуфтаи ӯ, Русия ҳамчунин метавонад шумораи парвозҳоро коҳиш диҳад.
"Албата мо метавонем марзҳоро бубандем, мо аллакай ба ҳамин самт равона ҳастем", - изҳор доштааст Рязанский дар мусоҳиба бо РИА Новости.
Мавсуф таъкид намудааст, ки ҳар қадар рафтуомади одамон зиёдтар шавад, вирус ҳамон қадар бештар доман мезанад.
Рязанский ба чораҳои пешгирикунандаи дигар давлатҳо ишора карда, гуфт, ки Исроил аллакай ба хотири ҷилавгирӣ намудан аз коронавирус, қарантни давлатӣ эълон намудааст.
61 фавт ва беш аз 8 ҳазор гирифтори ҷадид: омори коронавирус дар Русия
Бояд гуфт, дар Русия авохири моҳи сентябр вазъи коронавирус рӯ ба бадшавӣ ниҳод. Шабонарӯзи гузашта, дар ин кишвар 10 888 мавриди нави сироятшавӣ сабт гардид.
Дар ҳамин ҳол, Ситоди фаврӣ оиди коронавирус дар Русия, расман аз ягон маҳдудиятҳо дар ҷадвали парвозҳо ва ё баста шудани марзҳо эълом накардааст.