Интихоботи Президентии Тоҷикистон:122 нозир ва 258 рӯзноманигор аккредитатсия гирифтанд

Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон нозирон ва рӯзноманигоронро барои кор дар интихоботи президентии соли 2020 ба қайд мегирад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон 122 нозири байналмилалиро барои назорати кори интихоботи раёсатҷумҳурӣ номнавис намудааст. Дар ин бора як манбаъ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Панҷ ҳизби сиёсии Тоҷикистон барои иштирок дар интихобот имзоҳои зарурӣ ҷамъ карданд

Ҳамин тариқ, аккредитатсияро нозирон аз САҲА, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Кумитаи иҷроияи ИДМ, СҲШ, инчунин нозирон аз Русия ва Ӯзбекистон гирифтанд.

Гузашта аз ин, манбаъ афзуд, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъ 258 рӯзноманигор иштирок карда, ҷараёни онро пахш мекунанд.

Бояд гуфт, ки номнависии нозирони байналмилалӣ ҳамоно идома дорад.

Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон: барои иштирок дар интихобот 260 ҳазор имзо ҷамъ кардем

Қаблан хабар дода шуда буд, ки Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон аз 85 нозири Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дархостҳо барои аккредитатсия қабул кардааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Тоҷикистон санаи 11 - уми октябр баргузор мешавад. Барои ба даст овадани курсии раёсатҷумҳурӣ 5 номзад вориди майдони рақобат хоҳанд шуд.

Рақибони Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии Тоҷикистон Рустам Латифзода (ҲАТ), Мироҷ Абдуллоев (ҲКТ), Рустам Раҳматзода (ҲИИТ) ва Абдуҳалим Ғаффоров (ҲСТ) мебошанд.