Ашхоси боэътимод: Эмомалӣ Раҳмонро киҳо ба мардум таблиғ мекунанд?

Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон мегӯяд, раисашро дар маъракаҳои таблиғотии интихоботи президентӣ 15 нафар муаррифӣ мекунанд
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Як манбаъ дар ҳизби ҳоким ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин афрод ҳамагӣ узви Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон буда, аз ниҳоду муассисаҳои мухталифи давлатӣ ва ғайридавлатӣ интихоб шудаанд.

"Онҳо афроди барҷастаи ҷомиа буда, Эмомалӣ Раҳмон, раис ва номзади ҳизбро дар маъракаҳои таблиғотӣ намояндагӣ мекунанд ва салоҳияти муаррифии барномаи интихоботии ӯро доранд", - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Ин манбаъ афзуд, Аброр Мирсаидов, муовини Институти иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳо, Низом Қосим раиси Иттифоқи нависандагон, Фарҳод Раҳимӣ президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, Сайфиддин Давлатзода ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар, Муъмин Шарифзода ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ ва бизнес, Муаззамхон Ансорӣ ректори муассисаи ғайридавлатӣ Донишкадаи омӯзгории Панҷакент, Ҷамшед Ҷӯразода ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Шодигул Қонунзода, директори Мактаби президентии шаҳри Хоруғ, Лутфулло Наврӯзов мудири шӯъбаи рушди иқтимоӣ ва робита бо ҷомиаи дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ, Нуралӣ Шоҳиён ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Асалмоҳ Сафарзода сармуҳаррири рӯзномаи “Хатлон”, Абдухалил Ғафурзода ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистон, Фарзона Нуъмонова директори Литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Турсунзода, Шералӣ Мӯсо нависанда ва Сафарбек Нурзода мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомиаи дастгоҳи раиси ноҳияи Файзобод ашхоси боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ мебошанд.

"Дар ҳоли ҳозир, ашхоси боэътимоди Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишвар сафар карда, моҳияти барномаи интихоботии ӯро ба интихобкунандагон мерасонанд", - гуфт манбаъ.

Рақибони Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентии Тоҷикистон Рустам Латифзода (ҲАТ), Мироҷ Абдуллоев (ҲКТ), Рустам Раҳматзода (ҲИИТ) ва Абдуҳалим Ғаффоров (ҲСТ) мебошанд.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи якшанбеи оянда – 11 октябр баргузор мешавад.