Алимент насупорӣ ҳабс мешавӣ: дар Суғд ба 46 нафар ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин шуд

Нисбати 46 нафар волидон, ки аз пардохти алимент ба фарзандони ноболиғашон сарпечӣ кардаанд, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 05 окт – Sputnik. Дар ин бора аз Раёсати хадамоти иҷро дар вилояти Суғд хабар доданд. Маҳмуд Бойматов, мутахассиси пешбари Хадамоти иҷро дар вилояти Суғд бо натиҷагирӣ аз фаъолияти ин ниҳод гуфт, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар асоси пешниҳоди иҷрочиён ва бо қарори судҳо дар шаҳру навоҳии вилоят нисбати 46 нафар алиментсупорандагон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ тадбиқ шудааст.

"Дар давраи ҳисоботӣ дар самти истеҳсолоти иҷрои таъминоти фарзандони ноболиғ нисбати 46 нафар, ки дидаву дониста аз пардохти маблағ сарпечӣ кардаанд, ҷазо дар намуди маҳрум намудан аз озодӣ таъин карда шудааст", - гуфт Бойматов.

Аз тарафи иҷрочиёни Хадамот, инчунин нисбати 98 нафар бо сабаби иҷро накардани ҳукми суд ҷазо ҳатмиву ислоҳӣ таъин намуда, нисбати 90 нафари дигар бинобар ғайб задан аз иҷрои уҳдадорӣ кофтукоб эълон кардаанд.

Ҳушдор аз ҷазои ҷиноии саркашҳо аз пардохти алимент

Дар Раёсати хадамоти иҷро иттилоъ доданд, ки давоми нуҳ моҳи соли равон ба суроғаи ин ниҳод 2531 адад ҳуҷҷати иҷро оид ба ситонидани маблағи алимент ворид шудааст.

Ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар шаш моҳи соли равон 170 зан шикоят бурдааст

Ва ҳоло дар хадамоти иҷро дар шаҳру навоҳии Суғд беш аз 22 ҳазору 600 адад ҳуҷҷати иҷро аз солҳои пеш вобаста ба рӯёнидани маблағи алимент мавриди назорати иҷро қарор дорад.

Масъулони Раёсати хадамоти иҷро дар Суғд гуфтанд, ки дар ин давра дар умум 13 ҳазор санадҳои судӣ ва санад аз дигар мақомотҳо ворид шуда, аз ин шумор 10, 6 ҳазор ба таври воқеӣ ба иҷро расида дар натиҷа беш аз 13 милион сомонӣ барқарор карда шудааст.