Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориро дар бахши иктишофи муштараки конҳо тақвият медиҳанд

Ба нақл аз дафтари матбуоти саридораи геологияи Тоҷикистон, дар дидори раиси ин ниҳод ва раиси комитети давлатии заминшиносӣ ва манобеи маъдании Ӯзбекистон мавзӯи тақвияти равобити тарафайн баррасӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Раиси Дафтари саридораи геологияи Тоҷикистон Илҳомҷон Муҳаммадзода ва раиси Кумитаи давлатии геология ва захираҳои минералии Ӯзбекистон Бобир Исломов бо як ҳайати баландпоя вориди  Душанбе  шуда дидор ва гуфтугӯ карданд.

 Тасмими Тоҷикистону Ӯзбекистон барои содагардонии интиқоли коло тавассути марз

Дар ҷараёни ин мулоқот  муносиботи оянда дар чорчӯби тавофуқномаи ҳамкории илмӣ ва таҳқиқотии байни ниҳодҳои муртабити ду кишвар баррасӣ шуд.

Тақвияти ҳамкорӣ дар манотиқи марзӣ, табодули таҷриба, ташкили конференсияҳои муштарак, табодули муқаррароти муртабит бо стандартҳои байналмилалӣ ва муҳосибаи захоири маъданӣ аз ҷумла мавзӯъоте буд, ки дар ин мулоқот  мавриди баҳсу баррасии тарафайн қарор гирифт.

Тарафайн ҳамчунин бар зарурати ташкили давраҳои омӯзишӣ бо ҳадафи иртиқои маҳорати ҷавонони мутахассис дар ин замина таъкид карданд.

Шоёни зикр аст, ки тавофуқнома дар мавриди баргузории иқдомоти муштараки илмӣ ва таҳқиқотӣ дар ҳавзаи заминшиносӣ дар манотиқи марзии байни ду кишвар дар ҷараёни сафари Раисҷумҳури Тоҷикистон ба Ӯзбекистон дар августи соли 2018 милодӣ ба имзо расидааст.