Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар Русия дар як шабонарӯз 10 ҳазор кас мубталои COVID - 19 шуд

Пештар чунин арқом моҳи майи соли равон, дар давраи авҷи ҳамагирии коронавирус дар Русия, сабт шуда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар Русия теъдоди гирифторони коронавируи навъи COVID - 19 дар як шабонарӯз марзи 10 ҳазор нафарро убур кард.

Ҳушдори мақомоти Хуҷанд вобаста ба паҳншавии COVID-19: ба саломатии дигарон хатар наоред

Бино ба гузориши ситоди фаврии мубориза бар зидди коронавирус дар давоми 24 соати гузашта дар қаламрави Русия, 10 499 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Шумораи умумии мубталоёни коронавирус дар кишвар 1 215 001 каср ташкил дод, хабар медиҳад РИА Новости.

Афзоиши шумораи гирифторони коронавирус дар Қирғизистон

Пештар чунин арқом моҳи майи соли равон, дар давраи авҷи ҳамагирии коронавирус дар Русия, сабт шуда буд.

"Дар давоми шабонарӯзи охир дар 85 минтақаи Русия 10 499 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID - 19 ба қайд гирифта шуд", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки бино ба гузориши Донишгоҳи ба номи Ҷон Хопкинс то кунун дар ҷаҳон 34,9 миллион кас ба коронавирус гирифтор шудааст.

Аз ин шумор 24,2 миллион нафар шифо ёфта ва беш аз 1 миллион нафар ҷон бохтаанд.