ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳамтои амрикоии худ Доналд Трамп барқия ирсол кард, хабар медиҳад котиботи Президент.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон аз мубтало шудани Доналд Трамп ва ҳамсари ӯ ба маризии сироятии коронавирус, нигарон аст.
Дар барқия, кишвардори Тоҷикистон дастгирии дӯстона ва холисонаи худро ба раисҷумҳури Амрико ва ҳамсари ӯ изҳор доштааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба Доналд Трамп ва Бонуи аввал шифои комилу оҷил, рӯҳияи қавӣ ва саломатии бардавомро таманно намудааст.
Ёдовар мешавем, хабари гирифтори коронаиврус шудани Трамп ва ҳамсари ӯ, худи президенти Амрико расонаӣ кард.
"Имрӯз ташхиси ман ва хонуми аввал аз COVID-19 мусбат баромад. Мо ҳаминак карантин мекунем ва ба табобат шурӯъ менамоем. Мо якҷо инро паси сар мекунем!" - навиштааст Трамп дар Twitter.
Дар навбати худ, пизишки президент гуфт, ки вазъи саломатии кишвардор ва ҳамсараш хуб ҳаст ва онҳо нақша доранд дар Қасри Сафед бимонанд ва вазифаҳояшонро аз хона анҷом диҳанд.
Пештар хабар дода шуд, ки ёвари Доналд Трамп - Хоуп Хинкс гирифтори коронавирус шудааст.