Масъуди Мирзо дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии тоҷикон интихоб шуд-акс

Масъуди Мирзо, шоир ва рӯзноманигори тоҷик дар Ӯзбекистон раиси Маркази миллии тоҷикони Фарғона интихоб шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Имрӯз шоир, рӯзноманигор, ровии шинохта ва масъули бахши тоҷикии телевизиони вилояти Фарғона, Масъуди Мирзо раиси Маркази милии тоҷикони вилояти Фарғона интихоб гардид, хабар дод шоираи шинохтаи тоҷик, Марямбонуи Фарғонӣ дар саҳифааш хабар додааст.

Фарғонӣ интихоби Масъуди Мирзоро ба мақоми раиси Маркази миллии тоҷикони Фарғона шодбош гуфтааст.

Дар Ӯзбекистон теъдоди зиёди тоҷикон зиндагӣ мекунанд.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Ӯзбекистон хостори шароити мусоид барои диаспораҳои тоҷикону ӯзбекҳо дар қаламрави ҳамдигар шудааст

"Умумияти таъриху анъанаҳо ва ҳамсоягии мардумони мо муносибатҳои зичи фарҳангию гуманитариро аз қабл муқаррар кардаанд. Диаспораҳое, ки дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиндагӣ мекунанд, ба муносибатҳои мо хусусияти махсус медиҳанд. Дар робита ба ин, ҷанбаи муҳими ҳамгироӣ дар соҳаи гуманитарӣ фароҳам овардани шароити мусоид барои аъзои иттиҳодияҳои диаспораи кишварҳоямон мебошад" – таъкид карда буд Раҳмон.