Форсӣ забони миллии Афғонистон шуд

Давлати Афғонистон ба гузориши расонаҳо дар иқдоми дерҳангом, аммо муҳим форсиро забони миллӣ эълом кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Аҳмад Ҷовиди Расулӣ, раиси идораи миллии омору иттилооти Афғонистон, хабар дод, ки забони форсӣ аз феҳрасти забонҳои хориҷӣ дар ин кишвар лағв шуда, забони давлатӣ эълом гардид.

Табрикоти вазир: Имомзода талаботи нав аз омӯзгоронро гуфт

“Забони форсӣ ки то кунун ба ҳамроҳи чанд забони дигар дар феҳристи забонҳои хориҷии Афғонистон қарор дошт, ба далели эътирози шаҳрвандони форсизабон аз феҳристи забонҳои хориҷӣ ҳазф ва ба феҳристи забонҳои миллӣ ворид шуд”, - гузориш дод радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Манбаъ афзуд, то кунун дар баргаи тавзеъи шиносномаҳои электроникии Афғонистон , забони форсӣ-тоҷикӣ ба унвони забони хориҷӣ ва забонҳои урдӯ, панҷобӣ, мултонӣ , арабӣ, синдӣ, муғулӣ, қазоқӣ ва бархе забонҳои дигар ба унвони забонҳои дохилӣ қарор дошт, ки ин мавзӯъ мӯҷиби эътирози бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар шуда буд.

Расона зикр кардааст, ки бинобар оморҳо беш аз ниме аз мардуми Афғонистон ба забони форсӣ-тоҷикӣ суҳбат мекунанд ва ин забонро забони модарӣ худ медонанд.