Ҳушдори мақомоти Хуҷанд вобаста ба паҳншавии COVID-19: ба саломатии дигарон хатар наоред

Идораи санитарию эпидемиологии Хуҷанд аз хуруҷи эҳтимолии бемориҳои роҳи нафас ва зукоми шадид хабар дода, ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки бо пушидани либоси гарм ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ саломатии худро ҳифз намоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 окт – Sputnik. Мақомоти идораи назорати давлатии санитарию эпидемилогии Хуҷанд бо нашри як муроҷиатнома дар бораи бемориҳои роҳи нафас ва зуком иттилоъ дода, таъкид намудааст, ки бо сард шудани ҳарорат эҳтимол ин бемориҳо хуруҷ пайдо кунад.

Бо 65 нафар туй гузаронидаанд: тарабхонаи "Равшан" - ро дар Хуҷанд бастанд

Идораи МНДСЭ и Хуҷанд роҳи пешгирӣ аз сирояти бемориҳои мавсимиро ба сокинон тавсия додааст, ки он пӯшидани либоси гарм дар вақти сардшавии ҳарорати ҳаво ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аст.

Дар муроҷиатномае, ки онро котиби матбуотии раиси шаҳри Хуҷанд ба нашр расонидааст, ҳамчунин дар бораи омилҳои сирояти бемории каронавируси навъи COVID-19 хабар дода шудааст. Дар он гуфта шудааст, ки ҳарчанд коҳишёбии рақамҳои оморӣ дар рузҳои охир ба назар мерасад, вале вазъи гирифторӣ ҳанӯз хушбинкунанда набудааст.

Идораи МНДСЭ и Хуҷанд дар муроҷиатномаи худ ба иҷро нарасидани қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла бастани ниқоб ва риоя нашудани масофаи байниҳамдигарии иҷтимоӣ дар ҷойҳои ҷамъиятиро аз омилҳои паҳни бемории “вируси карона” рақам задааст.

“Он нафароне, ки ба бемории короновирус ва илтиҳоби шадиди шуш сироёт ёфтаанд, барои барқарор намудани организми худ аз тамоми имконот истифода намоянд. Паст шудани иммунитет ба дигарбора сироятёбӣ ва афзудани беморӣ оварда мерасонад. Ҷиҳати риояи масофа ва қоидаҳои беҳдоштӣ ҳаргиз бепарвогӣ зоҳир накунед. Оилаҳои сироятшуда дидаву дониста фарзандони худро ба муассисаҳои таълимӣ нафиристанд, ки ба саломатии дигар шаҳрвандон хатар эҷод мекунанд”,  - омадааст дар иттилоияи МНДСЭ.

Котиби матбуоти раиси Хуҷанд бо нашри муроҷиатнома дар бораи фаъолияти бемористонҳои ҳудуди шаҳр иттилоъ додааст, ки ба табобати бемории каронавирус нигаронида шудаанд.

“Тамоми кормандони соҳаи тиб дар госпиталҳои таъсиснамудаи шаҳр, бо истифода аз донишу маҳорати касбии худ, дар набард бар зидди зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирус фаъолият доранд”, - гуфтаанд мақомоти Хуҷанд.