Генерал Валентина Казакова шарҳ дод, чигуна ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят хоҳад шуд

Сардори Сарраёсати умури муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия, генерал-лейтенанти милитсия Валентина Казакова шарҳ дод, чигуна ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ҳимоят хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Генерал-лейтенанти милитсия Валентина Казакова, таъкид дошт, ки дар Русия дар сатҳи қонунӣ ҳамаи ҳуқуқҳо танзим шудаанд.

 

Генерал Валентина Казакова шарҳ дод, чигуна ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоят хоҳад шуд

 

“Агар мо дар бораи шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гӯем, онҳо имкон доранд дар баробари шаҳрвандони Русия кор кунанд. Онҳо бо шаҳрвандони Русия ҳуқуқи баробар доранд. Муҳоҷирони кишварҳое, ки узви ин Иттиҳод нестанд, дар сурати ба расмият даровардани фаъолияти худ дар қаламрави Русия аз чунин ҳуқуқҳо низ бархӯрдор мешаванд”, - гуфт сардори Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия.

Барои муҳоҷирони рафта ва баргашта: дар Душанбе Маркази захираҳои муҳоҷират таъсис меёбад

Танҳо дар 8 моҳ беш аз 411 ҳазор тоҷикистонӣ ба муҳоҷират рафтанд

Вай таъкид дошт, ки барои шаҳрвандони хориҷӣ муҳим он аст, ки қоидаҳои муқаррагардидаро риоя намоянд ва бо имзои шартномаи меҳнатӣ ва шартномаи иҷораи хона ҳуқуқҳои худро ҳимоят намоянд.

Путин созишномаи муҳоҷират бо Тоҷикистонро имзо кард

“Дар Русия ҳар муҳоҷир имкон дорад тариқи қодекси меҳнатӣ ё судӣ аз ҳуқуқҳои худ дифоъ кунад”, - зикр кард генерал-лейтенанти милитсия Валентина Казакова.